Лаппиши бор дар пружин.Табдили энергияи ҷисм ҳангоми лаппиш

Лаппиши озоди бори дар пружин овехташударо дида мебароем (расми 1.4.1). Барои ҳолати a қувваи чандирии ҳангоми кашидашавии пружин ба вуҷуд оянда Fч қувваи вазнинии ба бор таъсиркунанда P -po мувозинат мекунад. Координатаи x-po ба тарафи поён равона менамоем ва аввали он ба маркази вазнинии бор ҳангоми дар мавқеи мувозинат буданаш мувофиқ меояд. Барои вазъияти мувозинатии бор x = 0 мебошад.

Муфассал

Лаппишҳои маҷбурӣ. Резонанс

Чӣ тавре ки дар параграфи 1.1 қайд гардид, лаппишҳои озод хомӯшшавандаанд. Дар ҳақиқат ҳам, дар шароити воқеъии заминӣ ягон ҳаракат аз таъсири кувваи соиш эмин намебошад. Қувваи соиш ҳамеша муқобили ҳаракат таъсир дорад ва кори он манфӣ аст. Ин кори манфӣ энергияи пурраи ҷисми лаппандаро кам мекунад. Камшавии энергия камшавии амплитудаи лаппишро ба вуҷуд меорад ва оҳиста-оҳиста лаппиш хомӯш мешавад (расми 1.5.1).

Муфассал