Даррафти моддаҳо ба ҳамдигар

Даррафт (диффуз)-и моддаҳо ба ҳамдигар падидаи худбахуд ба якдигар даррафтан (яъне ба ҳамдигар фурӯ рафтан)-и ду модда аст. Ин падида ба сабаби ҳаракати ҳароратӣ кардани зарраҳои модда рӯй медиҳад ва мисолҳои бисёр дорад. Яке аз онҳо паҳн гардидани молекулаҳои атр аст дар фазои хона, ки баъди кушодани даҳони шишаи атрдор, дере, нагузашта ба димоғи нишастагони ҳама кунҷҳои хона мерасад. Аз ин ҷо хулоса бармеояд, ки молекулаҳои атр бо молекулаҳои ҳавои хона бархӯрда-бархӯрда, ба ҳама ҷойи он хона мерасанд.

Муфассал

Шарҳи падидаҳои физикӣ дар заминаи сохти молекулии моддаҳо

Аввал натиҷаи чанд падидаи маъмулиро бинем. Падидаи 1. Як пора яхро дар зарфи сарпӯшида ҷой дода, зарфро оҳиста-оҳиста гарм мекунем. Мебинем, ки ях аввал об мешаваду баъд — бухор. Сабаби ин дар чист? П2. Сақои пӯлодин аз ҳалқае, ки қутр (диаметр)-и даруниаш ҳамчени қутри сақост, озодона мегузарад (рас. 2.3, а). Вале ҳамон сақо агар гарм карда шавад, дар ҳамон ҳалқа дармемонад (рас. 2.3, б). Ин чӣ сабаб дорад? П3. Сими оҳанинро хам кардан душвор аст. Аммо агар онро гарм кунем, ин кор осон мешавад. Сабаб чист?

Муфассал

Молекулаҳо

Гуфти нахустин д.б. он ки моддаҳо аз атомҳо таркиб ёфтаанд (боби 1), ба хирадманди Юнони қадим Демокрит мансуб аст. Ба гуфти ӯ ҳама чизҳои олам ва, аз думла, чаҳор унсур — хок, об, ҳаво, оташ аз атомҳо таркиб ёфтаанд. Агар пораи бӯр, санг ё ягон чизи дигарро рӯйи сандон гузошта, бо зарби путк бишканем ва резаҳои онро шикастан гирем, дар охир зарраҳое ҳосил мекунем, ки онҳоро дигар бо ин тарз шикастан намешавад, яъне ин гуна зарраҳо тақсимнопазир хоҳанд буд. Демокрит маҳз ҳамин зарраҳои “дигар тақсимношуданӣ”-ро атом ном додааст. Вожаи юнонии…

Муфассал

Санҷиши вақт

Агар пурсанд: ”Чист он, ки биноҳои ободро хароб гардонад, кӯҳҳои сардарфалакро ба хок яксон кунад, шоҳони абарқудратро ба қаъри чоҳи таърих афканад?”, бигӯ, ки… Ку бигӯ, чист? Агар пурсанд: “Чист он, ки шу­мо, навомӯзони аҷибтарин илм — физикаро рафта-рафта дунёбин ва оламфаҳм гардонад?”, бигӯ, ки… Чист? Мо медонем, ки ту, хонандаи азиз, медонӣ, ки ин чист ва мегӯӣ: Вақт аст ин, вақт, ки ободҳоро хароб мегардонад ва эҳё мекунад, нотавоноро абарқудрат мегардонад ва вожгун месозад, моро донову тавоно мегардонад, ба шарте, албатта, ки илмҳои табиатшиносиро аз сари сидқ биомӯзем, забону…

Муфассал