Моддаҳои муҳити атрофи мо дар се ҳолат вомехӯранд — моеъ, сахт ва газшакл. Ин ҳолатҳоро дар заминаи тасаввуроти сохти атомӣ-молекулии моддаҳо шарҳ додан осон аст. Газҳо моддаҳоеанд, ки дар онҳо масофаи миёнаи байни атомҳо ё молекулаҳо назар ба андозаи худи ин зарраҳо даҳҳо бор зиёд аст. Дар ин масофаҳо молекулаҳо бо ҳам таъсири мутақобил мекунанд, вале ин ҳамтаъсирот хеле суст аст, то дараҷае суст аст, ки зарраҳо ҳамдигарро дар наздикии худ нигоҳ дошта наметавонанд. Ҳамин аст, ки газҳо тамоми ҳаҷми ба ихтиёрашон вогузоршударо фаро мегиранд (зарф набошад, газ ҳаҷми худро…
МуфассалДень: 08.01.2021
Ба ҳамдигар ҷазб шудан ва аз якдигар тела хӯрдани молекулаҳо
Молекулаҳои модда ба ҳамдигар таъсир мерасонанд: онҳо дар масофаҳои муайян ба ҳамдигар ҷазб (кашида) шуда ё аз якдигар тела хӯрда метавонанд. Ин гуна додугирифти таъсир таъсироти мутақобил ё, мухтасаран, ҳамтаъсирот ном дорад. Ҳамтаъсироти молекулаҳо дар сурати ҳамчени андозаҳои хаттии онҳо будани масофаи байнашон зоҳир мегардад. Дар масофаҳои назар ба андозаи молекулаҳо зиёд ҳамтаъсироти молекулаҳо хеле суст аст.
МуфассалҲарорат
Мафҳумҳои гармӣ, сардӣ, гармо, сармо, ҳарорати баланд, ҳарорати паст ва ғ. бисёр истеъмол мешаванд, зеро рӯйдодҳои алоқаманд бо ҳарорат хеле маъмуланд — гарм ё сард шудани ҳаво, ях бастан ё бухор шудани об, гудохта шудани филизот ва м.ин. Ин навъ падидаҳо падидаҳои ҳароратӣ (падидаҳои гармоӣ) ном гирифтаанд. Барои тавсиф додани ҳолати гармоии ҷисмҳо мафҳумҳои ҳаҷм, фишор, ҳарорат ва м.ин. истеъмол мешаванд. Дар ин қатор ҳарорат мақоми хоса дорад. Ҳарорат дараҷаи гармии ҷисмро ифода мекунад.
МуфассалҲаракати браунӣ
Яке аз таҷрибаҳое, ки сохти атомӣ-молекулӣ доштани моддаҳо ва дар ҳоли ҳаракати доимӣ будани молекулаҳоро ба хубӣ тасдиқ мекунад, ҳаракати браунӣ аст.
Муфассал