Гармигузаронӣ

Гармигузаронӣ на танҳо аз як ҷисм ба ҷисми дигар, балки дар байни қисмҳои гуногуни ҳамон як ҷисм ҳам ба амал омада метавонад. Масалан, агар як нӯги милаи пӯлодинро дар оташ тафсонем, он гоҳ нӯги дигари он, ки дар дастамон аст, тафсида дастро месӯзонад. Аз як ҷисм ба ҷисми дигар ё аз як қисми ҷисм ба қисми дигари он гузаштани гармиро гармигузаронӣ меноманд. Гармигузаронӣ ҳамеша аз ҷисмҳои ҳарораташон баланд ба ҷисмҳои ҳарораташон паст ба амал меояд. Вақте ки ҳарорати ҷисмҳо баробар мешавад, гармигузаронӣ қатъ мегардад ва мувозинати гармӣ ба амал меояд.

Муфассал