Густариши радиомавҷҳо. Радиопармосиш

Дар cypamu барои радиоалоқа истифода кардани мавҷҳои электромагнитӣ ҳам манбаъ ва ҳам дастгоҳи қабули мавҷҳоро аксаран дар наздикиҳои сатҳи Замин ҷой медиҳанд. Шакл ва xoсиятҳои физикии Замин ва инчунин ҳолати атмосфера ҷараёни паҳн шудани радиомавҷҳоро caxm халалдор карда метавонад. Хусусан қабатҳои ион-ион шудаи гази соҳаҳои болоии атмосфера, ки аз сатҳи Замин дар баландии 100-300 км воқеанд, ба густариши радиомавҷҳо асари зиёд дошта метавонанд. Ин қабатҳоро ионосфера мегӯянд. Сабабгори ион-ион (ионизатсия) шудани ҳавои қабатҳои болоии тамосфера тобиши электромагнитии Офтоб ва сели зарраҳои барқаманди хуршедӣ мебошад.

Муфассал

Тақвим

            Системаи ҳисоби фосилаҳои дарозмуддати вақтро тақвим меноманд. Дар таърихи инсоният тақвимҳои бисёр гуногун сохта ва истифода шудааст, ки онҳоро ба се шакл ҷудо намудан мумкин аст: шамсӣ, қамарӣ ва қамарӣ-шамсӣ. Асоси тақвими шамсиро давомнокии соли тропикӣ, асоси тақвими қамариро давомнокии моҳи синодӣ мебозад. Тақвими қамарӣ-шамсӣ бошад ба ҳар ду давомнокиҳои вақт асоснок шудааст.

Муфассал