Санҷиши дарозиҳо ва масофаҳо

Ба дигарон равон намоед

Шумо акнун медонед, ки санҷиши дарозиҳо (ва) ё масофаҳо назар ба ҳама санҷишҳои дигар бештар зарур меояд. Барои тавсиф додани бузургиҳои физикии алоқаманд бо дарозиҳо пеш аз ҳама лозим аст, ки дарозиро, чунон ки мегӯянд, ҳисобпазир гардонем, то ки имкони ба воситаи ададҳо ифода кардани бузургиҳои физикӣ фароҳам ояд. Аз ин рӯ, аввал д.б. воҳиди дарозӣ ва намунаи он сухан меронем.

Донишмандони фаронсавӣ ҳанӯз 1 авг. 1793, чунон ки дар §1.8 гуфтем, Манзумаи метрии паймонаҳо ном манзумаи воҳидҳоеро ба кор бурда буданд, ки аз ду воҳиди асосӣ (дурусттараш: воҳиди бунёнӣ) иборат буд: яке воҳиди дарозӣ — метр ва дигаре воҳиди масса — килограм(м). Ин ду воҳид дар Манзумаи байналмилалии воҳидҳо (SI) низ ба ҷумлаи воҳидҳои бунёнӣ дохиланд. Дар бораи килограм сухан дар пеш аст. Ҳоло бинем, ки метр (м) чӣ гуна воҳид аст.

Воҳиди дарози — метр. Номи ин воҳид аз калимаи юнонии metron (паймона, меъёр) пайдо шудааст.

Ба сифати намунаи метр (санҷаи метр) с.1799 фосилаи байни ду нишонае пазируфта шудааст, ки дар милаи платинӣ-иридийии чортарка (рас. 1.7) гузошта шудаанд. Мебоист, ки ин фосила бо ягон чизи табиӣ алоқаманд мебуд. Фаронсавиҳо дар ин маврид дарозии баробар ба даҳмиллионяки чоряки нисфуннаҳор (меридиан)-и ш.Парижро, ки 40 000 000 м аст, гирифта буданд. Ин намуна с .1960 тағйир ёфт: ба сифати 1м 1650763,73 дарозии мавҷи нури афкандаи атомҳои криптон-86 пазируфта шуд.

Баъдтар, с.1983, вақте ки тарзҳои нави оптикии дарозисанҷӣ ба миён омаданд, метр ба воситаи суръати нур таъйин карда шуд. Акнун

ба сифати 1м фосилае пазируфта шудааст, ки онро нур дар
фазои беҳаво дар муддати 1/299 792 458 ҳиссаи сония
мепаймояд.

Ин таъриф дар он замина ба миён омад, ки нур дар мудда­ти 1с масофаи 299 792 458 м ≈ 300 000 000 м-ро мепаймояд.

Таърифи нави метр воҳиди дарозиро тағйир надод, балки онро дар заминаи корбурди усули нав дақиқтар гардонд. Мо дар рас. 1.8-1.10 чанд асбобу олати дигари дарозисанҷиро тасвир сохтаем.

Воҳидҳои каратии метр ва ҳиссавоҳидҳои он — километр (км), десиметр (дм), сантиметр (см), миллиметр (мм), микрометр (мкм ё рм)… низ корбаст мешаванд ва чунин ҳамбастагӣ доранд (ниг. §1.10):

1 км = 103 м,

1 дм = 0,1м =10 см,

1 см = 10-2 м,

1 мм = 10-3 м,

1 мкм = 10-6 м,

1 нм = 10-9 м,

1 пм = 10-12 м,…

Тариқи андозагирӣ. Заминсанҷҳо (онҳое, ки дарозиву паҳноии заминҳои киштро месанҷанд) барои чен кардани қитъаҳои замин баъзан ченчӯб ном олатеро ба кор мебаранд, ки аз чӯб ба шакли ҳарфи “А” сохта шудааст (рас. 1.8) ва як қадамаш маъмулан 2м аст. Фаҳмост, ки қадами ченчӯб дарозиҳоро назар ба қадами одам дурусттар ифода мекунад. Бо рулет ном олати дигари дарозисандӣ (фар. roulette — чархак) (рас. 1.10) ва навори дарозисанҷӣ дарозиҳову андозаҳоро боз ҳам дақиқтар чен кардан имкон дорад. Бо ин асбобҳо дарозиҳо ва масофаҳои то даҳҳо метрро ба дурустии то 0,5 см санҷидан душворие надорад.

Барои чен кардани дарозиҳои камтар аз 1м маъмулан хаткашак ба кор меравад. Шумо аз банди пешина тарзҳои бо хаткашак санҷидани дарозиҳо ё андозаи ҷисмҳоро медонед. Дурустии санҷиш ба воситаи хаткашак, чунон ки гуфтем, то 0,5 мм аст. Ин дараҷаи дурустӣ дар санҷиши дарозии миз ё дар хиштрезиву хонасозӣ кофӣ бошад ҳам, дар эҷоди ҷузъиёти хурди миллиметриандоза ва хурдтар аз он коромад нест. Дар ин гуна мавридҳо асбобҳои дақиқтар, аз ҷумла, резсанҷ ( микрометр) истифода мешаванд.

Санҷиши ғафсии чизҳои борик ва тунук. Ин до ду маврид — санҷиши ғафсии симҳои борик ва ғафсии варақи ягон китобро муойина мекунем.

  1. Бигзор симе дошта бошем бо ғафсии камтар аз 1мм. Оё ғафсии онро ба воситаи ҷадвал ё худ хаткашаки мактабӣ ба қадри кофӣ дақиқ чен кардан илод дорад? Ин пурсиш ду посух дорад: “Не” ва “Ҳа”.

Агар мо ғафсии сими, масалан, ниммиллиметриро бо ҷадвал чен карданӣ шавем, натиҷаи санҷиш хеле носаҳеҳ меояд: тақр. 0,54 мм ё 0,53 мм ё ин ки 0,55 мм.

Вале навмед нашавед — илоҷ ҳаст, аз ҷумла илоҷе, ки дар рас. 1.11 омадааст. Онро фаҳмидан осон аст. Ғафсии сими борикро бо резсанд (микрометр) низ санҷидан осон аст. Тарзи истифодаи ин асбоб дар поёни ин банд баён шудааст.

  • Ғафсии когаз ё мӯйро низ бо резсанд чен кардан осон аст. Вале дар ин гуна сандиш хато зиёд буда метавонад.

image13Аз ин рӯ, агар ғафсии коғаз, варақи дафтар ё китобро чен карданӣ бошед, асбоберо ба кор бурдан хуб аст, ки ғафсиҳои камро дақиқтар чен мекунад. Ин гуна асбоб ҳамон резсанҷи номбурда аст.

Резсанд имкон медиҳад, ки ғафсии чизҳои борик (сими борик, мӯй,…) ва ё тунук (варақи китоб, тунука, пардаҳои гуногун,…) ба дурустии то 0,01 мм чен карда шавад.

Шумо агар §1.11 ва 1.12-ро ба хубӣ фаҳм карда бошед, бояд бидонед, ки хатои санҷиш дар кадом маврид камтар аст, дар сурати чен кардани ғафсии як варақ ё ғафсии умумии 100 варақ.

  1. Шумо д.б. Манзума (система)-и метрии паймонаҳо чӣ медонед?

д.б. Манзумаи байналмилалии воҳидҳо (SI) чӣ?

  • Метр чист? Килограм чист?
  • Чӣ зарурат бар ин аст, ки намуна ё худ санҷаи 1 м ва 1 кг бо ягон чизи табиӣ алоқаманд бошад?
  • Оё шумо метавонед, ки бо ченчӯб, бо рулет, навори дарозисанҷӣ ва резсанҷ (микрометр) ягон чизро андозагирӣ кунед?
  • Санҷиши андозаи чизҳои борику тунук аз чизҳои бузург чӣ фарқ дорад?

Машқ

  1. Дурустӣ (саҳеҳият)-и санҷиши дарозии хонаи худро дар сурати бо қадам, бо навори дарозисанҷӣ ва бо хаткашак (ҷадвали муқаррарӣ) чен кардани он муқоиса кунед.
  2. Дарозии дари хонаи худро (ки тақр. 2 м аст) бо хаткашак ва бо навори дарозисанҷие чен кунед, ки ҳар хонааш (як тақсимоташ) 0,5 см аст. Хатои кадомин санҷиш камтар меояд?

Маводҳои ҳамсон