Муқаддимаи астрономия

Ба дигарон равон намоед

Илми нуҷум (ситорашиносӣ) яке аз қадимтарин илмҳои табиатшиносӣ буда, нишонаҳои таҳқиқотии он дар сарзамини Шарқи бостон — Миср, Бобулистон, Эрон, Осиёи Марказӣ, Чин ва Ҳиндустон ошкор гардидааст.

То имруз дар мактабҳои ҷумҳурӣ илми нуҷум бо номи астрономия таълим дода мешуд. Астрономия аз ду калимаи юнонӣ — astron — ситора ва nomos — қонун мазмун гирифта, ҳаракат, сохт, қонунҳои пайдоиш ва инкишофи ҷирмҳои осмонӣ ва системаи онҳоро меомӯзад.

Дар замонҳои қадим, дар як қатор мамлакатҳо (Бобулистон, Миср ва Хитой) аз маълумотҳои илми нуҷум барои ҳисоби вақт, ёфтани самти ҳаракат ва сохтани тақвимҳо самарабахш истифода мебурданд. Дар замони мо, он натиҷаҳое, ки дар асоси мушоҳидаҳо ва тадқиқоти илмӣ ба даст оварда шудаанд, барои муайян кардани координатаҳои чуғрофӣ ва чен кардани вақти аниқ дар соҳаҳои баҳрнавардӣ, кайҳоннавардӣ, харитакашӣ ва геодезия ба таври васеъ истифода мешаванд.

Илми нуҷум ба ҳалли як қатор масъалаҳо, аз ҷумла таҳқиқ ва фатҳи кайҳон, инкишофи кайҳоннавардӣ, аз фазои кайҳон омухтани Замин ва таъсири мутақобилаи ҷирмҳои гуногуни кайҳонӣ, ёрӣ мерасонад.

Нуҷум бо илмҳои табиатшиносӣ, аз ҷумла чуғрофия, физика, риёзӣ, биология, кимиё, геология, робитаи зич дошта, аз комёбиҳои онҳо самарабахш истифода мебарад ва барои инкишофи ин соҳаҳо саҳми арзанда мегузорад.

Солҳои охир бо пайдо шудани таҷҳизоти муосири илмӣ-техникии таҳқиқотӣ, аз ҷумла радиотелескопҳо ва техникаи кайҳонӣ, стансияҳои байнисайёравӣ, телескопи мадории Ҳаббл ва ғайраҳо дастрас намудани маълумоти илмӣ ва кашфиёти коинотӣ хеле осон гардид. Кашфиёт дар навбати худ барои инкишофи илмҳои табиатшиносӣ ва барои ба таври умумӣ азхуд кардани қонунҳои харакати материяи бепоён замина мегузорад ва ба густариш ёфтани фазои илми нуҷум тақвият мебахшад. Яке аз ҳадафҳои фанни нуҷум ба таври диалектикӣ омухтани тамоми ҳодисаҳои мухталифи фазои атроф мебошад ва он дар айни ҳол дониши моро доир ба тасвири сохти олам ғанӣ мегардонад.

Нуҷум ва астрофизикаи муосир ба тадқиқи баъзе масъалаҳое омодаанд, ки то ба имрӯз ҳалли худро наёфтаанд. Аз ин лиҳоз, дар илми нуҷум фарзияҳои гуногун, хатто агар онҳо тахмин ҳам бошанд, дуру дароз мавриди муҳокима мешаванд ва эҳтимол, қисме аз онҳо дар чараёни болоравии дониши мо оиди Коинот аз байн бардошта шавад. Ҳамин тавр, нуҷумшиносон ҳамеша ба муҳокимаи ақидаҳо ва фарзияҳои гуногун машғуланд. Бо гузашти солҳо тасаввуроти илмӣ доир ба Коинот торафт васеъ ва мураккаб гардида, кушоду равшан дарк кардани онҳо мушкил мешавад.

Вале донишҳое, ки солҳои охир дар асоси манзараи механикии олам, майдони электромагнитии материя, хосиятхри зарраҳои элементарӣ ва таҳқиқотҳои кайҳонӣ ба даст оварда шудаанд, ин мушкилотро осон гардониданд.

Дар китоб шарҳи мавзуъҳо бо истифодаи усулҳои ва далелҳои навини мароқангез пешкаши хонандагон карда шудааст. Дар мавзӯъҳои алоҳидаи китоб рух додани ҳодисаҳо, сабабҳо ва ҷараёнгирии пайдоиши онҳо дар асоси қонунҳои табиат тавре шарҳ дода шудаанд, ки хонандагон баъди бо онҳо шинос шудан, нисбат ба олами атроф эҳсосоти аслӣ зоҳир намоянд.

Бояд ёдрас намуд, ки китобҳои пешина бо ҳамон як мазмуну нақшу нигор пайи ҳам нашр гардида, мавриди омӯзиш қарор меёфтанд.

Дар онҳо оқибатҳои нохуши ҳодисаҳои табиат, ки дар миқёси олами Коинот ба амал меоянд, маҳз ба хотири ба эҳсосот ва руҳафтодагӣ дода нашудани хонандагон, равшан шарҳ дода намешуданд. Вале гуфтан ба маврид аст, ки ҳоло дар шароити болоравии илму техника ҳодисаҳои астрономие, ки асоси воқеӣ доранд тавассути барномаҳои телевизионӣ ва интернет ба ҷаҳониён мавриди баррасӣ мешаванд.

Аз ин лиҳоз, мо ҳам бо андешаи ба хонандагон осонфаҳму шавқовар шудани мавзуъҳо тасмим гирифтем, ки дар навишти китоб одитарин усулҳои шарҳи ҳодисаҳои мароқангези астрономиро ба таври илмӣ, мавриди истифода қарор диҳем.

Коинот аз сайёрахр ва системаи сайёраҳои дар атрофи ситораҳо бавуҷудоянда, ситораҳо ва системаи ситораҳо — галакгикаҳо, системаи галактикаҳо — метагалактикаҳо иборат аст.

Замин дар якҷояги бо сайёраҳои хурду калон Системаи офтобиро ташкил медҳанд ва ҳамаи онҳо дар атрофи Офтоб давр мезананд. Моҳ радифи табиии Замин буда, ба мо наздиктарин ҷирми осмонӣ мебошад. Офтоб чун ситораҳои намоёни осмон дар Галактикаи мо чойгир шудааст. Галактикаи мо андозаи хеле калон дорад, рушноӣ дар 100 000 сол аз як канори он ба канори дигараш мерасад. Дар Коинот галактикаҳо хеле зиёданд ва онҳо аз мо ниҳоят дур ҷойгир шудаанд. Бо чашми оди танҳо яке аз онҳоро, ки туманоти Андромеда ном дорад, дида метавонем. Фазои байни ситораҳо дар Галактика ва фазои байни галактикаҳо бо материяи тунуке, ки аз газу чанг, заррачаҳои бунёдӣ ва майдонҳои ҷозибавию магнитӣ иборат аст, пур шудааст. Нуҷум дар замони мо системаҳои чирмҳо ва фазои байни онҳоро дар асоси назарияҳои илмӣ тадқиқу таҳқиқ менамояд ва дар бораи инкишофи минбаъдаи Коинот маълумоти муфассал медиҳад.

Маводҳои ҳамсон