Integer 4

Ададҳои бутуни мусбати a ва b дода шудаанд (a>b). Дар порчаи дарозиаш a миқдори максималии имконпазири порчаҳои дарозиашон b ҷойгир карда шудаанд (болои ҳам нахобанда). Амали тақсимро истифода бурда, миқдори ғунҷоиши порчаи b дар порчаи a-ро ёбед. Дар забони с++

Муфассал

Протседура ва функсия дар Delphi

Протседураҳо ва функсияҳо ин воситаи зарурии Delphi мебошад. Онҳо имконият медиҳанд, ки барномаи структураи хуб доштаро нависем. Протседураҳо ва функсияҳоро зербарномаҳо гуфтан ҳам мумкин аст. Зербарнома ин фрагменти ҷудогонаи барнома буда, бо барномаи асосӣ бо параметрҳо пайваст мебошад. Протседура ин фрагменти барнома буда, номи худро дорад. Ҳангоми дар барнома вохӯрдани номи он, протседура ба кор шурӯъ карда ҳамаи операторҳои ба он дохил шуда,  иҷро мегардад ва баъд идоракуни ба барномаи асосӣ дода мешавад. Барои доду гирифти маълумотҳо байни барномаи асосӣ ва протседура як ё якчанд параметрҳо истифода бурдан мумкин аст.…

Муфассал

Муқаддимаи забони С++

Таърихи пайдоиши забони С++. Забони барномасозии С++ (Си++) дар асоси забони С (Си) аз тарафи Бярн Страуструп (Bjarne Stroustrup) сохта шудааст. Б. Страуструп соли 1979 ба коркарди забони «Си бо классҳо» шуруЇъ намуд. Ғояи коркарди забон аз таҷрибаи навиштани барнома барои рисолааш оғоз меёбад. Вай тахмин намуд, ки забони барномасозии Симула чунин имкониятҳое дорад, ки барои сохтани барномаҳои ҳаҷмашон калон бисёр фоидаовар мебошанд. Вале барномаи ба забони Симула навишташуда бисёр суст кор мекард. Бо баробари ин, забони BCPL бисёр тез, лекин ба забонҳои сатҳашон паст наздикӣ дорад, яъне барои навиштани барномаҳои ҳаҷман калон мувофиқ нест. Ҳангоми кор…

Муфассал

Алифбои забони С++

Алифбои забони С++. Ба алифбои забони С++ дохил мешаванд: ∙ ҳарфҳои калон ва хурди алифбои лотинӣ; ∙ рақамҳои 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9; ∙ рамзҳои махсуси: » {} , | [] ( ) + — / \% \ ; ’ : ? < = > _ ! & # ~ ^ . * Аз рамзҳои алифбо элементҳои луғави (лексика)-и забон тартиб дода мешаванд: ∙ идентификаторҳо; ∙ калимаҳои корӣ; ∙ доимиҳо; ∙ аломатҳои амалҳо; ∙ аломатҳои китобатӣ.

Муфассал

Идентификаторҳо ва калимаҳои корӣ дар С++

Идентификаторҳо ва калимаҳои корӣ. Индентификатор – ин пайдарпаии аз ҳарфҳои лотинӣ, рақамҳои даҳӣ ва рамзи хати поёнӣ (_) иборатбудае, ки бо рақам оғоз намешавад. Масалан: RUN run copy g103. Ҳарфҳои калон ва хурди идентификаторҳо фарқ мекунанд. Ҳамин тариқ, дар мисоли болоӣ ду идентификатори аввал фарқкунанда мебошанд. Идентификатор метовонад то 32 рамз дарозӣ дошта бошад (қайд мекунем, ки дар компиляторҳои ҳархела дарозии номи идентификаторҳо метавонанд фарқ кунанд). Идентификаторҳо барои муайян намудани номи тағйирёбандаҳо, функсияҳо, классҳо, структураҳо ва нишонаҳо истифода бурда мешаванд. Калимаҳои корӣ – ин идентификаторҳое мебошанд, ки номашон аз тарафи забон захира шудаанд. Калимаҳои кории забони С++ инҳоянд: asm …

Муфассал

Доимиҳо дар С++

Доимиҳо.Доимӣ гуфта, лексемаеро меноманд, ки тасвири аниқи қимати ададӣ, сатрӣ ё рамзиро ифода мекунад. Доимиҳо ба панҷ гурӯҳ ҷудо мешаванд: бутун, ҳақиқӣ, номбаршаванда, рамзӣ ва сатрӣ. Доимиҳои номбаршаванда мувофиқи стандарти забон ба гурӯҳи доимиҳои бутун дохил мешаванд. Компилятор ҳамчун лексема доимиро ҷудо намуда, ба ин ё он гурӯҳ дохил менамояд ва дар дохили гурӯҳ аз намуди зоҳириаш ба навъи муайян ҷудо мекунад. Доимиҳои бутун метавонанд адаҳои даҳӣ, ҳаштӣ ё шонздаҳӣ бошанд. Доимии бутуни даҳӣ ҳамчун пайдарпаии рақамҳои бо сифр сарнашуда (ба ғайр аз худи сифр) муайян карда мешаванд (масалан, 16, 484216,…

Муфассал

Аломатҳои амалҳо дар С++

Аломатҳои амалҳо. Аломатҳои амалҳо барои тартиб додани ифодаҳо истифода бурда мешаванд. Ифода ин қоида барои ба даст овардани қимат аст. Як аломат дар ифодаҳои гуногун истифода бурда шуда, маъноҳои гуногун дошта метавонад, ки аз рӯи матни ифода муайян карда мешавад. Барои тасвири аломатҳои амалҳо якчанд рамзҳо истифода бурда мешаванд. Дар забони С++ амалҳои зерин мавҷуданд: [] () . -> ++ — & * + — ~ ! sizeof / % <<  >>  <  >  <= >= == != ^ | && || ?: = *= /= %= += -= <<=…

Муфассал