Протседура ва функсия дар Delphi

Протседураҳо ва функсияҳо ин воситаи зарурии Delphi мебошад. Онҳо имконият медиҳанд, ки барномаи структураи хуб доштаро нависем. Протседураҳо ва функсияҳоро зербарномаҳо гуфтан ҳам мумкин аст. Зербарнома ин фрагменти ҷудогонаи барнома буда, бо барномаи асосӣ бо параметрҳо пайваст мебошад. Протседура ин фрагменти барнома буда, номи худро дорад. Ҳангоми дар барнома вохӯрдани номи он, протседура ба кор шурӯъ карда ҳамаи операторҳои ба он дохил шуда,  иҷро мегардад ва баъд идоракуни ба барномаи асосӣ дода мешавад. Барои доду гирифти маълумотҳо байни барномаи асосӣ ва протседура як ё якчанд параметрҳо истифода бурдан мумкин аст.…

Муфассал