Ҳаракати молекулаҳо ва ҳарорати ҷисм

Дар параграфи 2.3 доир ба ҳаракати молекулаҳо шинос гардида будем. Акнун дида мебароем, ки ҳаракати молекулаҳо аз кадом омилҳо вобастагӣ дорад.Дар оламе, ки моро иҳота кардааст ҳодисаҳои гуногуни физикӣ ба амал меоянд ва онҳо ба гармшавӣ ва хунукшавии ҷисмҳо алоқаманданд.

Муфассал

Ҳодисаҳои таршавӣ ва тарнашавӣ

Ҳангоми ба сатҳи ҷисмҳои сахт расидани моеъҳо ҳодисаҳои таршавӣ ва тарнашавиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ин ҳодисаҳо ба таъсири мутақобили молекулаи моеъ ва ҷисми сахт алоқаманд мебошанд. Агар қувваи ҷозибаи байни молекулаҳои моеъ ва молекулаҳои ҷисми сахт аз қувваи ҷозибаи байни молекулаҳои худи моеъ калон бошад, дар ин ҳолат моеъ сатҳи худро зиёд намуда дар сатҳи ҷисми сахт паҳн мешавад. Дар ин вақт мегӯянд, ки моеъ ҷисми сахтро тар мекунад. Агар қувваи ҷозибаи байни молекулаҳои моеъ ва молекулаҳои ҷисми сахт аз қувваи ҷозибаи байни молекулаҳои моеъ хурд бошад, моеъ кӯшиш…

Муфассал

Нуҷум дар замони қадим

Нуҷум яке аз аввалин илҳои табиатшиносӣ буда, вобаста ба талаботи амалии инсон, дар асоси мушоҳидаи ситораҳо, ивазшавии шабу рузҳо ва фаслҳои сол пайдо шудааст. Таърихи илм доир ба ин соҳа маълумотҳои зиёдеро дорад. Давлатҳои Ғарби Қадим (Бобулистон, Искандария, Афина, Рим), Шарқи Қадим (Миср, Ҳиндустон, Осиёи Миёна) ва Чин дар замони худ марказҳои асосии нуҷумшиносӣ ҳисобида мешуданд.

Муфассал

Муқаддимаи астрономия

Илми нуҷум (ситорашиносӣ) яке аз қадимтарин илмҳои табиатшиносӣ буда, нишонаҳои таҳқиқотии он дар сарзамини Шарқи бостон — Миср, Бобулистон, Эрон, Осиёи Марказӣ, Чин ва Ҳиндустон ошкор гардидааст. То имруз дар мактабҳои ҷумҳурӣ илми нуҷум бо номи астрономия таълим дода мешуд. Астрономия аз ду калимаи юнонӣ — astron — ситора ва nomos — қонун мазмун гирифта, ҳаракат, сохт, қонунҳои пайдоиш ва инкишофи ҷирмҳои осмонӣ ва системаи онҳоро меомӯзад.

Муфассал

Гарминақлкунӣ дар табиат ва техника

Ҳарорати қабати поёнии ҳаво ва сатҳи болоии хок барои инкишофи растаниҳо аҳамияти калон дорад. Ҳарорати қабати ҳавои ба сатҳи Замин наздик буда ва қабатҳои болоии хок бефосила тағйир ёфта меистад. Рӯзона хок бештар гармӣ фурӯ бурда гарм мешавад. Мавҷудияти наботот ба гарм ва хунук шудани хок таъсир мерасонад. Чунончи, аз нури Офтоб майдони шудгоршуда назар ба майдони растанидор бештар гарм мешавад. Шабона ин майдон нисбат ба майдони растанидор тезтар хунук мешавад.

Муфассал

Ҳодисаҳои таршавӣ ва тарнашавӣ

Ҳангоми ба сатҳи ҷисмҳои сахт расидани моеъҳо ҳодисаҳои таршавӣ ва тарнашавиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ин ҳодисаҳо ба таъсири мутақобили молекулаи моеъ ва ҷисми сахт алоқаманд мебошанд. Агар қувваи ҷозибаи байни молекулаҳои моеъ ва молекулаҳои ҷисми сахт аз қувваи ҷозибаи байни молекулаҳои худи моеъ калон бошад, дар ин ҳолат моеъ сатҳи худро зиёд намуда дар сатҳи ҷисми сахт паҳн мешавад. Дар ин вақт мегӯянд, ки моеъ ҷисми сахтро тар мекунад. Агар қувваи ҷозибаи байни молекулаҳои моеъ ва молекулаҳои ҷисми сахт аз қувваи ҷозибаи байни молекулаҳои моеъ хурд бошад, моеъ кӯшиш…

Муфассал

Ҳарфҳои хоси алифбои тоҷикӣ дар сафҳакалид (клавиатура).

Ширкати Майкрософт аз намунаи Windows 7 сар карда забони тоҷикиро ба руйхати ҳуруфҳои системаи амалиётии  Windows ворид кардааст. Барои онро фаъол намудан дар қисми рости лавҳаи масъалаҳо нишонаи забонро интихоб намуда  ба параметри он ворид гашта дар баробари забони русӣ ва англисӣ забони тоҷикиро низ ҳамроҳ менамоем. Ҳангоми фаъол будани забони тоҷикӣ ҳарфҳои хоси забони тоҷикиро по пахши тугмаҳои    ц   (қ),    —   (ғ),     =   (ӯ),  щ (ҳ),  ь (ӣ),  ы  (ҷ)  дарёфт намудан мумкин аст. Аксаран вақт ҳангоми ягон санади заруриро аз як компютер ба компютери дигар гузаронидан  ҳуруфҳои тоҷикӣ…

Муфассал

Ба ҳамдигар ҷазб шудан ва аз якдигар тела хӯрдани молекулаҳо

Молекулаҳои модда ба ҳамдигар таъсир мерасонанд: онҳо дар масофаҳои муайян ба ҳамдигар ҷазб (кашида) шуда ё аз якдигар тела хӯрда метавонанд. Ин гуна додугирифти таъ­сир таъсироти мутақобил ё, мухтасаран, ҳамтаъсирот ном дорад. Ҳамтаъсироти молекулаҳо дар сурати ҳамчени андозаҳои хаттии онҳо будани масофаи байнашон зоҳир мегардад. Дар масофаҳои назар ба андозаи молекулаҳо зиёд ҳамтаъсироти молекулаҳо хеле суст аст.

Муфассал