Нуҷум дар замони қадим

Нуҷум яке аз аввалин илҳои табиатшиносӣ буда, вобаста ба талаботи амалии инсон, дар асоси мушоҳидаи ситораҳо, ивазшавии шабу рузҳо ва фаслҳои сол пайдо шудааст. Таърихи илм доир ба ин соҳа маълумотҳои зиёдеро дорад. Давлатҳои Ғарби Қадим (Бобулистон, Искандария, Афина, Рим), Шарқи Қадим (Миср, Ҳиндустон, Осиёи Миёна) ва Чин дар замони худ марказҳои асосии нуҷумшиносӣ ҳисобида мешуданд.

Муфассал

Муқаддимаи астрономия

Илми нуҷум (ситорашиносӣ) яке аз қадимтарин илмҳои табиатшиносӣ буда, нишонаҳои таҳқиқотии он дар сарзамини Шарқи бостон — Миср, Бобулистон, Эрон, Осиёи Марказӣ, Чин ва Ҳиндустон ошкор гардидааст. То имруз дар мактабҳои ҷумҳурӣ илми нуҷум бо номи астрономия таълим дода мешуд. Астрономия аз ду калимаи юнонӣ — astron — ситора ва nomos — қонун мазмун гирифта, ҳаракат, сохт, қонунҳои пайдоиш ва инкишофи ҷирмҳои осмонӣ ва системаи онҳоро меомӯзад.

Муфассал