Чопи матн

Пешдиди чопи матн. Пас аз он ки матни санад дар шакли матлуб тайёр карда шуд, онро метавон дар коғаз чоп кард. Барои шакли саҳифаҳои чопии санадро дар коғаз тасаввур кардан, дар виростори WordPad афзоре — пешбинӣ шудааст, ки онро афзори пешдиди матни санад меноманд. Барои дастрас шудани афзори мазкур дар банди Парвандаи менюи барнома мушнаморо ба болои зербанди Чоп гузоштан кифоя аст. Дар натиҷа дар тарафи роста менюи асосии WordPad зерменюи Пешдид ва чопи санад (Предварительныӣ просмотр и печать документа) намудор мегардад:  Зерменюи Пешдид ва чопи санад аз се банд…

Муфассал

Дохилкунӣ ва таҳрири матн

Мафҳумҳои асосии виросторони матнӣ: саҳифаи чопӣ ва интихобҳои (параметрҳои) он; абзатс ва нишондодҳои он; ҳуруф ва нишондодҳои онҳо; форматбандии аломатҳо ва абзатсҳо. Саҳифаи чопии компютерӣ амсоли варақи коғазе мебошад, ки дар он матни санад чоп карда мешавад. Саҳифа дорои интихобҳои зерин мебошад: андозаи саҳифа, ҳошияи чапи саҳифа; ҳошияи рости саҳифа, ҳошияи болоии саҳифа, ҳошияи поёнии саҳифа. Андозаи саҳифаи чопӣ ба ҳосили зарби андозаи бар ва баландии он баробар аст. Ҳошияҳои чап, рост, боло ва поёни саҳифаи чопӣ он қисмҳои коғазро ташкил медиҳанд, ки дар онҳо матн чоп карда намешавад. Андозаи…

Муфассал

Тасмаи абзори виростори матнӣ

Тавре қайд гардид, менюи виростори матнии WordPad аз 3 банд — Парванда, Асосӣ ва Намо иборат аст, ки ба ҳар кадоми онҳо миқдори муайяни афзорҳои корбарӣ вобаста карда шудааст. Афзорҳои ҳар як банди меню бевосита дар зери сатри меню намудор мешаванд. Маҷмӯи афзорҳои бандҳои менюро тасмаи абзор гуфтан одат шудааст. Тасмаи (лентаи, навори) абзор барои тағйир додани формати санади матнӣ хизмат мерасонад. Дар мавриди пахши банди дилхоҳ намуди тасмаи абзори поёни меню тағйир меёбад ва дар тасма он афзорҳое рӯйи кор меоянд, ки барои гузаронидани амалиёти навъи мушаххас (маҷмӯи амалҳои…

Муфассал

Равзанаи виростори матнии таълимӣ

Абзор ва имкониятҳои равзанаи виростори матнии таълимиро дар мисоли виростори матнии WordPad (вордпад) дида мебароем. Виростори матнии WordPad ҳам замимаи стандартии СА MS Windows буда, гунаи содатари виростори матнии пуриқтидори MS Word ба ҳисоб меравад. Ин виростор низ барои сохтану таҳрир кардани санадҳои матнӣ пешбинӣ шудааст. Фарқи WordPad аз NotePad дар он аст, ки санадҳои бо ёрии он сохташударо бо тарзҳои гуногун форматбандӣ кардан ва ба онҳо объектҳои графикиро илова намудан мумкин аст. Тавассути тугмаҳои амрии равзанаи WordPad имконияти иҷро кардани амалиёти асосии корбарӣ бо санадҳои матнӣ пайдо мегардад: сохтани…

Муфассал

Виростори матнӣ

Компютерҳои фардӣ бештар барои тайёр кардан ва расонидани санадҳои матнӣ истифода бурда мешаванд. Барномаҳои татбиқиеро, ки барои сохтан, таҳрир кардан, форматбандй, кардан аз назар гузаронидан, дар хотираи компютер сабт кардан ва дастраси дигарон намудани санадҳои матнӣ (мактуб, диктант, иншо, ҳисобот, мақола ва ғайра) пешбинӣ шудаанд, виросторони матнӣ меноманд. Виростори матнӣ барномаест, ки бо ёрии он санади матнӣ офарида мешавад. Виросторони матнӣ барои иҷрои амалиёти зерин хизмат мерасонанд: дохилкунии матни санад ба воситаи сафҳакалид; истифодаи ҳуруфи гуногуни андозаашон тағйирёбанда; вироиши матни санад; форматбандии матни санад; истифодаи тасвирҳо дар матни санад; ба…

Муфассал

Идора кардани матн бо ёрии сафҳакалид ва муш

Ба идоракунии матн амалҳои интихоб ва ҷудокунии матн, буридан ва нусхабардории матн, ҷойгузин ва миёнагузории матн, ҳазф ва ивазкунии матн ва дигар амалҳо дохил мешаванд. Ҳамаи амалҳои номбурдаро ҳам бо ёрии муш ва ҳам бо ёрии сафҳакалид иҷро кардан мумкин аст. Барои матнро идора карда тавонистан курсори матниро ба мавқеи амалиётгузаронӣ дуруст гузоштан лозим аст. Тарзҳои аз мавқеи ҷорӣ ба мавқеи дигар кӯчопидапи курсор чунин аст: бо ёрии муш — мушнаморо ба мавқеи лозимии матн кӯчонида, тугмаи чапи мушро пахш кардан; бо ёрии сафҳакалид — тугмаҳои идоракунии курсорро дуруст истифода…

Муфассал

Қисмҳои сафҳакалид.

Аз рӯйи тақсимоти вазифавӣ тугмаҳои сафҳакалидро ба панҷ блок (қисм) ҷудо мекунанд: блоки тугмаҳои ҳарфӣ-рақамй; блоки тугмаҳои ёрирасони хидматй; блоки тугмаҳои идоракунии (мудирияти) курсор; блоки иловагии тугмаҳои рақами; блоки тугмаҳои функсионалӣ. Гарчанде барномаҳои гуногун вазифаи баъзе тугмаҳои сафҳакалидро бо тарзи ба худ хос тағйир дода тавонанд ҳам, вале дар аксар мавридҳо онҳо амалҳои якхеларо иҷро мекунанд. Блоки ҳарфй-рақамӣ дар қисми мобайну поёнии чапи сафҳакалид ҷойгир аст. Ҳангоми пахши тугмаҳои ин блок дар экран ҳарфҳои алифбои кириллӣ ё лотинӣ (вобаста ба реҷаи интихобшуда), рақамҳо ё аломатҳои махсуси китобатӣ пайдо мешаванд. Агар…

Муфассал

Сафҳакалид — афзори асосии ҳарфчинӣ

Гарчанде дастгоҳҳои иттилоотворидкунандаи (input devices) компютер хеле зиёд бошанд ҳам, сафҳакалид дар байни онҳо мавқеи хоссаро ишғол мекунад. Сафҳакалид (keyboard — клавиатура) асосан афзори воридкунии иттилооти намуди ҳарфй-рақамӣ мебошад. Ҳар як тугмаи сафҳакалид сарпӯшеро мемонад, ки зери он калиди бениҳоят хурди мембранавӣ ҷойгир шудааст. Микропротсессори махсус, ки дар дохили сафҳакалид васл гардидааст, вазъи ин калидҳоро ба ҳисоб гирифта, пас аз ҳар як пахшкунию раҳокунии онҳо ба компютер маълумоти заруриро интиқол медиҳад. Ин гуна маълумот тавассути системаи амалиётӣ коркард мегардад ва натиҷаи он дар экрани монитор инъикос меёбад. Миқдори тугмаҳои саҳфакалидҳои…

Муфассал

Технологияи корбурди объектҳо

Ҳангоми ҳалли ин ё он масъала дар компютер ҳатман лозим меояд, ки бо объектҳои СА амалҳои зарурӣ иҷро карда шавад. Маъмулан, аз ҳама бештар бо объектҳои навъи парванда ва ҷузвдон гузаронидани амалиёт рост меояд. Дар системаи амалиётии Microsoft Windows бо парвандаҳо ва ҷузвдонҳои компютерӣ амалҳои гуногунро анҷом додан мумкин аст. Амалҳои маъмултарини корбарӣ бо парвандаву ҷузвдонҳо — ин амалҳои сохтан, номгузорӣ ва аз нав номгузорӣ кардан, нусхабардорй, ҳазф кардан ва аз як ҷузвдон ба ҷузвдони дигар ҷойгузин кардани объектҳо ба ҳисоб мераванд. Тарзи иҷрои мақсадноки ин ё он амалро бо…

Муфассал

Равзана

Равзана муҳимтарин чузъи системаи амалиётии Microsoft Windows ба ҳисоб меравад. Маҳз ба ифтихори ҳамин мафҳум номи системаи амалиётӣ — Windows гузошта шудааст. Тамоми объектҳои асосии СА — ҷузвдонҳо, барномаҳо ва санадҳои компютерӣ дар шакли равзанаҳо кушода мешаванд. Ҳатто тугмаи одитарини СА низ як навъ равзана аст. Аз ин лиҳоз, равзанаи объектро ҳамчун нишонаи кушодаи объект тасаввур кардан мумкин аст. Равзана соҳаи росткунҷаи экран мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо равзанаҳои ғайриросткунҷа низ вомехӯранд. Дарунмояи дискҳо, ҷузвдонҳо, барномаҳои фаъол, санадҳои сохташаванда ва инчунин дархостҳо ва паёмҳои системаи амалиётӣ дар равзанаҳои худ кушода мешаванд.…

Муфассал