Табдилдиҳии қимати бузургиҳо aз як воҳиди ченак ба дигар воҳид

Бо ёрии «Ҳисобкунак» қимати ададии бузургиҳои ченшавандаро аз як воҳид ба дигар намуди воҳидҳо табдил додан мумкин аст. Табдилдиҳии қимати ададии ченаки бузургиҳо тавассути афзори «Табдилдиҳак» (Конвертер)-и барномаи «Ҳисобкунак» амалӣ гардонида мешавад. Намуди умумии «Ҳисобкунак» ҳангоми интихоби бандҳои афзори «Табдилдиҳак» дар расми зерин (бо сабаби зиёд будани бандҳои «Табдилдиҳак» онҳо дар расм ба ду қисм ҷудо карда шудаанд: чап, рост) инъикос ёфтааст. «Табдилдиҳак» (Конвертер)-и «Ҳисобкунак» бе муболиға афзори беҳамтои мубодилаи ченакҳои унсурҳои геометрӣ, физикӣ ва иттилоотӣ ба ҳисоб меравад. Бо ёрии ин афзор қимати ададии ченакҳои «Ҳаҷм» (Объём), «Дарозӣ» (Длина),…

Муфассал

Журнали ҳисоб

Журнали ҳисоб — воситаи асосии бақайдгирии тамоми ҳисоббарориҳое мебошад, ки «Ҳисобкунак» онҳоро дар фосилаи сеанси ҷорӣ дар реҷаҳои корбарии «Маъмулӣ» ва «Муҳандисӣ» амалӣ гардонидааст. Афзори кушодани «Журнали қисоб» — тугмаи ® буда, дар тарафи рости қисми болоии равзанаи «Ҳисобкунак» ҷойгир шудааст. Барои ҳар кадом реҷаи корбарӣ (маъмулӣ ва муҳандисӣ) «Ҳисобкунак» ҳисоббарориҳои иҷрошударо дар журналҳои алоҳида ба қайд мегирад. Вобаста ба фаъолнокии реҷаи ҷорӣ (маъмулӣ ё муҳандисӣ) дар дисплейи «Ҳисобкунак» журнали ба ҳамон реҷа мувофиқ фаъол мегардад. Дар мавриди ба журнал ворид намудани тағйирот, натиҷаи ҳисоббарории амали охирони интихобшуда дар соҳаи…

Муфассал

Ҳисобкунии сана

Реҷаи чоруми корбарии «Ҳисобкунак» реҷаи «Ҳисобкунии санаи рӯз» ном дорад. Барои «Ҳисобкунак»-ро ба реҷаи мазкур гузаронидан, чун қоида, аз афзори = -и равзанаи он истифода мебаранд. Реҷаи ҳисобкунии санаи рӯз асосан барои муайян кардани фарқи байни ду санаи рӯзҳои дилхоҳи сол (солҳо) истифода бурда мешавад. Дар ин реҷа бо ёрии ҳисобкунак натанҳо ҳисоб намудани фарқи байни санаҳои рӯзҳои соли мушаххас ё солҳои гуногун имконпазир аст, балки ба санаи додашуда миқдори муайяни рӯзҳоро илова кардан ё аз он кам намудан низ мумкин мебошад. Намуди зоҳирии «Ҳисоб- кунак» дар реҷаи «Ҳисобкунии санаи…

Муфассал

Тасвири ададҳо дар системаҳои гуногуни ҳисоб бо ёрии реҷаи барномасоз

Дар реҷаи барномасоз ба ғайр аз системаи ҳисоби даҳӣ (Dec) имконияти коркарди додаҳо дар системаҳои ҳисоби дуӣ (Bin), ҳаштӣ (Oct) ва шонздаҳӣ (Hex) низ мавҷуд аст. Номгӯи тугмаҳои дохилкунии ададҳо дар ин системаҳои ҳисоб ва абзори корбарӣ бо амалҳои арифметикию мантиқии ҳисобкунак дар реҷаи «Барномасоз» ҳангоми фаъол будани тугмаи (тарзи инъикоси маъмули соҳаи абзор) дар тарафи чапи расми поёнӣ оварда шудааст. Бо ҷадвали тугмаҳои ба ин афзорҳо мувофиқи сафҳакалид мо дар мавзӯи гузашта шиносоӣ пайдо карда будем. Ҳангоми корбарӣ бо дилхоҳ системаи ҳисоби зикршуда дар соҳаи афзорҳои (тугмаҳои) ҳисобкунак тасвири…

Муфассал

Тарзи иҷрои амалҳои арифметикӣ ва мантиқӣ дар реҷаи барномасоз

Ҳисобкунак дар реҷаи барномасоз. Айнан ба мисли реҷаҳои дигар, барои «Ҳисобкунак»-ро ба реҷаи корбарии «Барномасоз» гузаронидан, аз афзори = -и равзанаи он ё аз тугмаҳои «Ак+3»-и сафҳакалид истифода бурдан лозим аст. Реҷаи мазкур барои он «Барномасоз» ном гирифтааст, ки «Ҳисобкунак» дар ин реҷаи корбарӣ ба ғайр аз доштани як қисми имкониятҳои реҷаи муҳандисӣ, инчунин дорои имконияти ҳисобкунии қимати ифодаҳои мантиқӣ, баргардони ададҳо аз як системаи ҳисоб ба дигар системаҳо ва муҳимтар аз ҳама, дорои функсияҳои дохилкунӣ, таҳриркунӣ ва иҷрои барномаҳои одӣ мебошад. Вай дар реҷаи мазкур метавонад пайдарпайии ҳисоббарориҳои як…

Муфассал

Реҷаи муҳандисии ҳисобкунак

Барои «Ҳисобкунак»-ро ба реҷаи корбарии «Муҳандисӣ» гузаронидан, аз афзори = -и равзанаи он ё аз тугмаҳои «Alt+2»-H сафҳакалид истифода бурдан лозим аст. Реҷаи мазкур барои он муҳандисӣ ном гирифтааст, ки бо ёрии он нисбат ба реҷаи маъмулӣ ҳисоббарориҳои мураккабро анҷом додан ва истифодаи функсияҳои гуногуни математикиро ба роҳ мондан мумкин аст. Ҳангоми аз реҷаи дигар ба реҷаи муҳандисӣ, ё баръакс, аз ин реҷа ба дигар реҷаҳо гузаштан, тамоми ҳисоббарориҳои ҷории ҳисобкунак ҳазф гардида, танҳо иттилооти журнали ҳисоббарорӣ ва маълумоти бо ёрии тугмаҳои идории хотира воридгардида нигоҳ дошта мешаванд. Дар реҷаи…

Муфассал

Реҷаи маъмулии ҳисобкунак

Дар мавзӯи гузашта оид ба вазифаҳо ва имкониятҳои «Ҳисобкунак» дар реҷаи маъмулии корбарӣ каме маълумот пайдо карда будем. Маълум гашт, ки ҳангоми омодаи кор будани «Ҳисобкунак» онро аз дилхоҳ реҷаи корӣ ба реҷаи «Маъмулӣ» бо пахши тугмаи = -и равзана ё пахши якҷояи тугмаҳои «Alt+l»-n сафҳакалид гузаронидан мумкин будааст. Умуман, реҷаи маъмулӣ — реҷаи одитарини корбарӣ бо ҳисобкунак ба ҳисоб меравад. Дар ин реҷа ва реҷаҳои дигар низ, равзанаи «Ҳисобкунак» ба ду қисм — қисми содиротии натиҷаҳо (нимаи якум) ва қисми воридотии иттилооти ададӣ, аломати амалҳо ва функсияҳо (нимаи дуюм)…

Муфассал

ҲИСОБКУНАК

Барномаи «Ҳисобкунак» (Калкулятор) — воситаи асосии иҷрои амалҳои одии арифметикӣ — ҷамъ, тарҳ, зарб ва тақсим ба ҳисоб меравад. Барномаи мазкур, ки гунаи компютерии ҳисобкунаки маъмулии болоимизӣ мебошад, бо ёрии зербанди «Замимаҳо» (Приложения)-и банди «Ҳамаи барномаҳо» (Все программы)-и менюи асосии системаи амалиётии MS Windows (тугмаи «Огоз») бо кор омода гардонида мешавад (расми поёнӣ, аз тарафи чап). Пас аз интихоби зербанди «Ҳисобкунак» (Калкулятор) дар экран равзанаи «Ҳисобкунак» (Калкулятор)-и электронӣ намудор мегардад (расми болой, аз тарафи рост). Воқеан, аз расм дида мешавад, ки андоза ва шакли ҳисобкунаки электронӣ ба ҳисобкунаки маъмулӣ хеле…

Муфассал

Воситаҳои коркарди иттилооти ададӣ

Воситаҳои техпикии коркарди иттилооти ададӣ. Ихтирои компютер — дастоварди инқилобии инсоният дар самти пешбурди техникаи ҳисоббарор ва татбиқи иттилооти ададӣ ба ҳисоб меравад. Компютер натанҳо нигахдоранда ва барандаи иттилоот, балки воситаи коркард ва дастрасии он мебошад. Компютер асосан барои ҳалли масъалаҳои ҳисоббарорӣ пешбинӣ шудааст. Аммо, имрӯз онро дар идоракунии равандҳои истеҳсолӣ, ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, нигаҳдорӣ ва коркарди маълумоти оморӣ ва ҳалли масъалаҳои дигар соҳаҳои хоҷагии халқ истифода мебаранд. Гарчанде бо ёрии компютер иттилооти навъҳои гуногунро кор карда бароянд ҳам, вале нақши азалии он дар коркарди иттилооти ададӣ тағйирнопазир аст. Таърих…

Муфассал

Иттилооти ададӣ

Тавре медонем, калимаи «иттилоот» арабиасос буда, бештар ба калимаи байналмилалии «информатсия» — «information» наздик аст ва дар забони тоҷикӣ ба маъноҳои хабар, маълумот, баён ва ғайра истифода бурда мешавад. Инсон иттилоотро ба воситаи тамоми узвҳои ҳисси худ аз муҳити атроф қабул карда, оид ба хосиятҳои ашёи он ҳар гуна маълумот мегирад. Маълумоти дастраснамудаи инсон метавонад нав ё куҳна бошад. Агар маълумоти дастраснамуда нав бошад, он гоҳ дониши инсон доир ба хосиятҳои ашёи афзун гашта, номуайяниҳои зеҳнии ӯ кам мешавад. Иттилоот — маълумоти нав дар бораи ашёи муҳити атроф буда, коҳишдиҳандаи…

Муфассал