Худкорсозии дохилкунии иттилоот ва функсияҳо дар ҶЭ MS Excel

Азбаски ҷадвалҳо аксар вақт иттилооти такроршаванда ва якҷинсаро дар бар мегиранд, Excel воситаҳои худкори дохилкунии онҳоро пешбинӣ намудааст. Ин воситаҳо амалиёти Худанчомдиҳӣ (Автозавершение), Худпуркунии ададӣ (Авто- заполнение числами) ва Худпуркунии формулавӣ (Автоза- полнение формулами)-ро дар бар мегиранд. Худанҷомдиҳии матнӣ. Амали худанҷомдиҳӣ пеш аз ҳама барои дохилкунии иттилооти матнӣ пешбинӣ шудааст. Ҳангоми ба катаки навбатии сутуни ҷадвал дохил намудани матн Excel мувофиқати аломатҳои аввалаи матни дохилшударо бо аломатҳои аввалаи матни катаки болоӣ месанҷад. Агар онҳо айнан якхела бошанд, он гоҳ матни катаки болоӣ ба таври худкор ба катаки поёнӣ илова карда…

Муфассал

Тарзҳои амалиётгузаронӣ бо катакҳо ва сатру сутунҳои ҶЭ MS Excel

Бо дарунмояи катакҳо амалиёти зеринро гузаронидан мумкин аст: ҳазф кардан; ба дигар катак кӯчонидан; ба дигар катак нусхабардорӣ кардан; таҳрир ва иваз намудан; шакли иттилоотро тағйир додан. Амали ҳазфкунии иттилооти катак: катаки лозимиро ҷудо кардан; Амали ба дигар катак кӯчонидани иттилоот: ҷудо намудани катаке, ки дарунмояи онро кӯчонидан лозим аст; пахш намудани тугмаи » Буридан (Вырезать)-и банди Асосии менюи барнома; ҷудо намудани катаке, ки иттилоот ба он кӯчонида мешавад; пахш намудани тугмаи Гузоштан (Вставить)-и банди Асосии менюи барнома. Амали ба дигар катак нусхабардорӣ кардани иттилоот: ҷудо намудани катаке, ки дарунмояи…

Муфассал

Ҷадвали электронии Microsoft Excel

Дар байни ҷадвалҳои электронии кунунӣ барномаи Microsoft Excel воситаи аз ҳама пуриқтидортарин ба ҳисоб меравад. Вай узви дастаи барномаҳои Microsoft Office мебошад. Барои ба воситаи менюи асосии СА Windows  ба кор омода сохтани Excel дар мизи кории система силсилафармонҳои Оғоз-Кулли барномаҳо-Microsoft Office-Microsoft Excel (Пуск-Все Программы-MS Office-MS Excel — Start-All Program -MS Office-MS Excel)-ро иҷро кардан лозим аст. Китоби кории Excel дар асл номи парвандаи таҳриршавандаи он аст. Корбари компютер метавонад тибқи масъалаҳои ҳалшаванда ба ҷойи калимаҳои Китоби1, Китоби2 (Книга1, Книга2) ва ғайра ба парвандаҳо номҳои мувофиқтар гузорад. Объектҳои MS Excel.…

Муфассал

Диаграммаҳо дар ҶЭ OpenOffice Calc

Ҳар гуна ҷадвали электронӣ дар ин ё он сатҳ натиҷаҳои ҳисоббарориҳоро дар намуди диаграммаҳо инъикос карда метавонад. Вале ягонтои онҳо дар ин ҷода бо барномаи OpenOffice Calc баробар шуда наметавонад. Барои додаҳоро дар шакли диаграмма тасвир намудан пе- шакӣ онҳоро ҷудо карда, банди Диаграммаи менюи Гузоштанро интихоб кардан лозим аст. Баъд, тавассути равзанаи Худформатбандии диаграмма (Автоформат диаграммы) як қатор амалиёт — аз қабили бақайдгирии қатори додаҳо, интихоби навъи диаграммаҳо, нишон додани номгӯи тирҳои координатаҳо ва ғайраро иҷро кардан лозим аст. Қайд кардан зарур аст, ки ҳангоми диаграммасозӣ баъзан аз ҷудокуниҳои…

Муфассал

Формулаҳо дар ҶЭ OpenOffice Calc

Барои корбурди формулаҳо дар қатори амалҳои асосии арифметикӣ OpenOffice Calc маҷмӯи функсияҳои махсусеро пеш- ниҳод менамояд, ки онҳоро дар реҷаи интерактивии Худидораи функсияҳо (Автопилот функций) дохил кардан мумкин аст. Барои табдил додани муроҷиати нисбӣ ба мутлақ ва баръакс, мутлақ ба нисбӣ, аз комбинатсияи тугмаҳои  hift ва F4 истифода бурдан лозим аст. Ба ғайр аз функсияҳои математикӣ ва баъзе функсияҳои оморӣ феълан ҳама функсияҳои дигар бо забони русӣ номгузорӣ шудаанд. Барои ба катакҳо дохил кардани номи функсияҳо аз моҳири функсияҳо истифода бурдан беҳтар аст. Барои ин аввал катакеро, ки ба он…

Муфассал

Ҷадвали электронии OpenOffice Calc

OpenOffice Calc яке аз барномаҳои озодасоси синфи ҷадвалҳои электронӣ буда, дорои имкониятҳои хеле зиёди ҳисоббарорӣ ва омодасозии санадҳои ҷадвалӣ мебошад. Ин барнома як қисми лоиҳаи OpenOffice-ро ташкил намуда, ҳамчун ҳамтои маҳсулоти тиҷоратии Microsoft Office сохта шудааст ва аз рӯйи имкониятҳои функсионалиаш амалан аз MS Excel ягон фарқе надорад. Системаи хеле осони маълумотдиҳанда ва ҳуҷҷатгузории таркибии муфассали барнома ба истифода- баранда имконият медиҳад, ки он ба зудӣ аз худ карда шавад. Барномаи OpenOffice Calc бо ёрии фармони  office ба кор дароварда мешавад. Барои корбарӣ бо китоби кории мавҷуда аз банди Кушодан…

Муфассал

Селектори функсияҳои ҶЭ Gnumeric

Ҷадвали электронии Gnumeric дорои миқдори зиёди функ- сияҳои стандартӣ мебошад, ки тавассути онҳо ҳисоббарориҳои оморӣ, молиявӣ, муҳандисӣ ва математикиро анҷом додан мумкин аст. Яке аз афзорҳои муфиди интихоби функсияҳо — равзанаи робитавии Селектори функсияҳо (Селектор функций) ба ҳисоб меравад, ки вай бо пахши тугмаи ^х)-и лавҳаи афзорҳо ба экран ҷеғ зада мешавад. ЭЗОҲ: Селектор — тақсимкунанда. Дар қисми чапи равзана номгӯи категорияҳо ва рости он — рӯйхати мутааллиқ ба категорияи интихобшуда инъикос мегардад. Ҳангоми интихоби функсияи мушаххас дар қисми поёнии равзана тасвир ва вазифаҳои вай пайдо мегардад. Пахши тугмаи I…

Муфассал

Ҷадвали электронии Gnumeric

Хусусиятҳои ҶЭ Gnumeric. Гарчанде тарзи кори барномаи Gnumeric бо тарзи кори ҶЭ KSpread хеле монанд бошад ҳам, вале имкониятҳои корбарии Gnumeric бо санадҳо, махсусан ҷадвалҳои мураккаби характери ҳисоббароридошта бештар аст. Ин замимаро бо ёрии фармони gnumeric ба кор медароранд. Дар катакҳои ҷадвали Gnumeric, ба мисли KSpread, иттилооти намуди ададӣ, формулавӣ ва матниро ҷойгир кардан мумкин аст. Қисми бутун ва касрии ададҳои ҳақиқиро бо ёрии аломати вергул ҷудо мекунанд. Аломати нуқтаро дар иттилооти намуди матнӣ истифода мебаранд. Барои кушодани парвандаи мавҷудаи Gnumeric банди Кушодан (Открыть)-и менюи Парвандаи равзанаи он ё тугмаи…

Муфассал

Таҳриргари формулаҳои ҶЭ KSpread

Ҷадвалҳои электронӣ на танҳо барои нигаҳдории додаҳо, балки пеш аз ҳама барои иҷрои ҳисоббарориҳо пешбинӣ шудаанд. Бинобар ин барномаҳои мазкур бо воситаҳои пуриқтидори ҳисоббарор муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Яке аз усулҳои асосии ҳисоббарориҳо истифодаи формулаҳо ба ҳисоб меравад. Формула — ифодаи ададие мебошад, ки дар он истинод ба катакҳои ҷадвал, функсияҳо ва амалҳо оварда шуда, бо аломати = оғоз шудааст. Мисол: Фарз мекунем, ки дар катаки C1 ҳосили зарби қимати бузургиҳои дар катакҳои A1 ва B1 маҳфузро ҳисоб кардан лозим бошад. Барои ин, пас аз дохилкунии аломати =, бояд катаки A1…

Муфассал

Ҷадвали электронии KSpread

Равзанаи K spread. Барномаи Ks pread (кейсприд) ба ҳайати замимаҳои офисии KDE (СА Linux) дохил мешавад. Ин барномаро тавассути менюи KDE: Офис/Ks pread ё фармони ks pread ба кор омода сохтан мумкин аст. Ибтидои кори барнома — пайдошавии равзанаи он дар экран аст, ки вай инъикосгари варақи китоби корӣ мебошад. Агар барнома бе нишондиҳии номи парвандаи мушаххас ба кор оғоз намояд, он гоҳ дар экран китоби кории наве эҷод мегардад, ки вай танҳо аз як варақи корӣ иборат аст. Дар ҳолати зарурӣ ба китоб миқдори дилхоҳи варақҳоро илова намудан мумкин…

Муфассал