Импулси ҷисм. Қонуни бақои импус

Ду ҷисми ҳачмашон якхелаи алюминӣ ва сурбӣ бо суръатҳои якхела ҳаракат мекунанд. Импулси ин ҷисмҳоро муқоиса кунед. Поезди массааш 2000 т растхатта ҳаракат карда, суръаташро аз 36 то 72 км/соат зиёд кард, Тағйироти импулсpo ёбед. Саққои массааш 100 г ба майдончаи уфуқӣ озод афтод. Дар лаҳзаи зарба суръати он 10 м/с буд. Тағйироти импулсро ҳангоми зарбаи мутлақан ночандир ва мутлақан чандир ёбед. Aгap зарбаи ночандир 0,05 с ва зарбаи чандир 0,01 с давом карда бошад, қувваи ҳангоми зарба ба саққо таъсиркунандаро ба ҳисоби миёна ёбед.

Муфассал

Қувваҳои ҷозиба (гравитатсионӣ)

Ба Замин афтидани ҷисмҳо, харакати мушакҳо дар атрофи Замин, гардиши сайёраҳо дар атрофи Офтоб ва ғайра таҳти таъсири қувваҳои чозиба, ки боиси таъсири мутақобилаи ҷисмҳо мегарданд, аз рӯи қонуни ҷозибаи умумичаҳонӣ муайян карда мешаванд: Ҳар ҷуфти ҷисмҳо якдигарро бо қуввае ҷазб мекунанд, ки модули ин қувва ба ҳосили зарби массаҳои онҳо мутаносиби роста буда, ба квадрати масофаи байни онҳо мутаносиби чаппа аст.

Муфассал

Принсипи нисбият

Системаҳои сарҳисоби инерсиалӣ. Бояд ба ҳисоб гирифта шавад, ки қонунҳои Нютон на дар ҳамаи системаҳо балки факат дар системаҳои сарҳисоби инерсиалӣ иҷро мешаванд. Системаҳои сарҳисоберо инерсиалӣ меноманд, ки дар онҳо қонунҳои Нютон риоя мешаванд, яъне системаҳое, ки дар онҳо ҷисм бешитоб, ростхатта ва мунтазам ҳаракат мекунад, ё ҳангоми компенсатсияи таъсири ҷисмҳои дигар дар ҳолати оромӣ мемонад. Ба инерсиалӣ будан ё набудани система чӣ тавр бовар кунем? Барои ин бояд санҷид, ки дар он қонунҳои Нютон иҷро мешаванд ё не. Аммо тавре ки дар боло гуфтем, дар таҷриба мушоҳида кардани қонуни…

Муфассал

Системаҳои сарҳисоби инерсиалӣ ва қонунҳои динамика

Ҳангоми омӯзиши асосҳои кинематика мо ба намудҳои ҳаракати механикӣ шинос шудем. Акнун сабабҳои ба амал омадани ин ҳаракатҳо ва тағйирёбии суръати ҷисмҳоро муқаррар мекунем. Аробачаеро болои миз мегузорем. Вай ором меистад. Чӣ бояд кард, ки аробача ҳаракат кунад? Таҷрибаи ҳаррузаи мо нишон медиҳад, ки барои дар сатҳи уфуқӣ ба ҳаракат даровардани он бояд вайро ба ягон тараф кашем ё тела диҳем. Бо ҳамин мақсад ба ароба аспро мебанданд, баъди ихтирои мошини ҳароратӣ, ё худ муҳаррикҳои электрикӣ аробаро ба онҳо бастаанд ва ҳамин тавр нақлиёти ҳозирзамон — автомобил, тепловоз, трамваю троллейбусҳо…

Муфассал

Ҳаракати каҷхатта

Ҳаракатеро, ки аз руи масири каҷ ба амал меояд ҳаракати каҷхатта меноманд. Дар ҳаракати каҷхатта суръати ҷисм мувофиқи самти расандаи аз нуқтаи ихтиёрии масир гузаронидашуда тағйир меёбад. Дар ин маврид аз руи бетағйир мондани модули суръат онро доимӣ ҳисобидан нодуруст аст, чунки суръат бузургии векторист ва барои бузургиҳои векторӣ қимати мутлақу самт тавсифоти зарурии якхелаанд.Аз ин рӯ дар ҳаракати каҷхатта шитоб ҳамеша қимати ғайрисифрӣ дорад.

Муфассал

Афтиши озоди ҷисмҳо

Афтиши ҷисмҳоро дар фазои беҳаво (вакуум) афтиши озодменоманд. Афтиши озоди ҷисмҳо мавриди муҳими ҳаракати собитшитоб ба ҳисоб меравад. Aгap афтиши озоди ҷисм бе суръати ибтидои ба вуҷуд ояд, формулаҳои (1.1.10)-po барои ин маврид татбиқ намудан мумкин аст. Аз сабаби он ки шитоби афтиши озод барои ҳамаи ҷисмҳо як хел аст (онро бо харфи g ишорат мекунанд), дар системаи сарҳисоби ба Замин алоқаманд (самти тири координатаро амудан ба поён гирифта) формулаҳои номбурда ин тавр навишта мешаванд:

Муфассал

Ҳаракати ростхаттаи мунтазам. Масири (траектория) ҳаракати ҷисм

Ҷисми ҳаракаткунанда дар системаи сарҳисоби интихобӣ гӯё хатеро мекашида бошад, ки онро масири (траектория) ҳаракати ҷисм меноманд. Масири тайёраи реактивиро, ки дар баландии зиёд парвоз мекунад, аз рӯи изи сафеди туманшаклаш, масири автомобил ё велосипедро аз рӯи нақши чархҳояшон дар роҳ дида метавонем. Фарз мекунем, ки дар қитъаи ростхаттаи роҳ аз болои автомобили боркаш, ки ба пеш ҳаракат мекунад, ҷисме меафтад (расми 4) Ин ҷисм нисбат ба автомобил амудӣ, вале нисбат ба роҳ аз рӯи хати каҷ меафтад. Ҷисмеро, ки харротӣ мекунанд, нисбат ба худи дастгоҳ чарх мезанад, аммо теғи…

Муфассал

Ҳаракати механикӣ

Дар муҳити моро иҳотакунанда ҳама чиз дар ҳаракати бефосила мебошад: одамон, қисмҳои мошин ва механизмҳо, паррандаю даррандагон, ситораю сайёраҳо, обу ҳаво, заррачаҳои хурди моддаҳо (атому молекулаҳо) ва бурҷҳои олам дар ҳаракатанд. Қисми механикаро, ки дар он навъҳои ҳаракати ҷисмҳо ва тавсифоти онҳо омӯзонида мешавад, кинематика меноманд. Дар кинематика массаи ҷисмҳо ва қувваҳои ба онҳо таъсиркунанда ба ҳисоб гирифта намешаванд. Шакли содатарини ҳаракат — ҳаракати механикӣ — бо мурури замон тағйирёбии мавқеи байни ҳамдигарии ҷисмҳо ё ки нисбат ба якдигар тағйирёбии мавқеи қисмҳои онҳо мебошад.

Муфассал