Кашфи индуксияи электромагнити (илқои электромагнитӣ)

Ошкор гардидани ҳамбастагии майдонҳои электрикӣ ва магнитӣ басе муҳим аст. Майдони магнитии бо мурури замон тағйирёбанда боиси пайдоиши майдони электрикӣ мегардаду майдони электрикии бо мурури замон тағйирёбанда — боиси пайдоиши майдони магнитӣ. Бе ин гуна иртиботи байни майдонҳои электрикӣ ва магнитӣ зуҳуроти қувваҳои электромагнитӣ рангоранг намебуд, на мавҷҳои радио вуҷуд медошту на рӯшноӣ ва на бисёр чизҳои дигар.

Муфассал

Қувваи Ампер

Майдони магнитӣ ба ҳамаи қитъаҳои ноқили ҷараёндор таъсир меоварад. Қувваҳои ба ҳар як қитъаҳои ноқили ҷараёндор таъсиркунандаро дониста, қувваи ба тамоми ноқил таъсиркунандаро ёфтан мумкин аст. Қонунеро, ки қувваи ба қитъаи ҷудогонаи ноқил таъсиркунандаро муайян мекунад, соли 1820 А. Ампер муайян намудааст. Азбаски қитъаи ҷудогонаи ҷараёнро ба вуҷуд овардан илоҷ надошт, бинобарин Ампер таҷрибаҳои худро бо ноқилҳои сарбаст анҷом дод. Ампер шакл ва мавқеи ноқилхоро тағйир дода, барои қувваи ба қитъаи алоҳидаи ҷараён таъсиркунанда ифодаи соддаеро ба даст овард. Модули векторӣ индуксияи магнитӣ. Бо роҳи таҷриба муайян кардан мумкин аст,…

Муфассал

Вектори индуксияи майдони магнитӣ

Майдони электрикӣ бо бузургии векторӣ шадидияти майдони электрикӣ тавсиф мешавад. Барои тавсифи майдони магнитӣ бузургии махсуси физикӣ ҷорӣ кардан зарур аст. Ин бузургӣ вектори индуксияи магнитӣ ном дорад ва бо харфи В ишора карда мешавад. Ақрабаки магнитӣ. Чуноне, ки дидем, агар рамкаи ҷараёндор дар майдони магнитӣ овехта шавад, онгоҳ он дар гирди меҳвари амудии аз нуқтаи овезиш гузаранда то лаҳзаи нисбат ба қутбҳои магнитӣ мавқеи муайян гирифтан тоб мехурад. Ақрабаки магнитӣ низ ҳамин гуна рафтор дорад.

Муфассал

Таъсири мутақобилаи ҷараёнҳо

Зарраҳои электрикии қарор дар атрофии худ майдони электрикӣ ба вуҷуд меоранд. Зарраҳои ҳаракаткунанда дар баробари ин майдони магнитӣ низ ба вуҷуд меоранд. Зарраҳои ҳаракаткунанда ҷараёни электрики ҳосил мекунанд. Пас майдони магнитӣ майдонест, ки онро ҷараёни электрикӣ ба вуҷуд меорад. Дар байни зарраҳои электрноки қарор қувваҳои кулонӣ амал мекунанд. Бузургии онҳо аз руи қонуни Кулон ёфта мешавад. Мувофиқи назарияи таъсири наздик таъсири мутақобилаи зарядҳои электрики ин тавр сурат мегирад: ҳар яке аз зарядҳо майдони электрикие ҳосил мекунад, ки он ба заряди дигар таъсир меорад ва баръакс.

Муфассал