Ба ҳамдигар ҷазб шудан ва аз якдигар тела хӯрдани молекулаҳо

Молекулаҳои модда ба ҳамдигар таъсир мерасонанд: онҳо дар масофаҳои муайян ба ҳамдигар ҷазб (кашида) шуда ё аз якдигар тела хӯрда метавонанд. Ин гуна додугирифти таъ­сир таъсироти мутақобил ё, мухтасаран, ҳамтаъсирот ном дорад. Ҳамтаъсироти молекулаҳо дар сурати ҳамчени андозаҳои хаттии онҳо будани масофаи байнашон зоҳир мегардад. Дар масофаҳои назар ба андозаи молекулаҳо зиёд ҳамтаъсироти молекулаҳо хеле суст аст.

Муфассал

Ҳарорат

Мафҳумҳои гармӣ, сардӣ, гармо, сармо, ҳарорати баланд, ҳарорати паст ва ғ. бисёр истеъмол мешаванд, зеро рӯйдодҳои алоқаманд бо ҳарорат хеле маъмуланд — гарм ё сард шудани ҳаво, ях бастан ё бухор шудани об, гудохта шудани филизот ва м.ин. Ин навъ падидаҳо падидаҳои ҳароратӣ (падидаҳои гармоӣ) ном гирифтаанд. Барои тавсиф додани ҳолати гармоии ҷисмҳо мафҳумҳои ҳаҷм, фишор, ҳарорат ва м.ин. истеъмол мешаванд. Дар ин қатор ҳарорат мақоми хоса дорад. Ҳарорат дараҷаи гармии ҷисмро ифода мекунад.

Муфассал

Даррафти моддаҳо ба ҳамдигар

Даррафт (диффуз)-и моддаҳо ба ҳамдигар падидаи худбахуд ба якдигар даррафтан (яъне ба ҳамдигар фурӯ рафтан)-и ду модда аст. Ин падида ба сабаби ҳаракати ҳароратӣ кардани зарраҳои модда рӯй медиҳад ва мисолҳои бисёр дорад. Яке аз онҳо паҳн гардидани молекулаҳои атр аст дар фазои хона, ки баъди кушодани даҳони шишаи атрдор, дере, нагузашта ба димоғи нишастагони ҳама кунҷҳои хона мерасад. Аз ин ҷо хулоса бармеояд, ки молекулаҳои атр бо молекулаҳои ҳавои хона бархӯрда-бархӯрда, ба ҳама ҷойи он хона мерасанд.

Муфассал

Шарҳи падидаҳои физикӣ дар заминаи сохти молекулии моддаҳо

Аввал натиҷаи чанд падидаи маъмулиро бинем. Падидаи 1. Як пора яхро дар зарфи сарпӯшида ҷой дода, зарфро оҳиста-оҳиста гарм мекунем. Мебинем, ки ях аввал об мешаваду баъд — бухор. Сабаби ин дар чист? П2. Сақои пӯлодин аз ҳалқае, ки қутр (диаметр)-и даруниаш ҳамчени қутри сақост, озодона мегузарад (рас. 2.3, а). Вале ҳамон сақо агар гарм карда шавад, дар ҳамон ҳалқа дармемонад (рас. 2.3, б). Ин чӣ сабаб дорад? П3. Сими оҳанинро хам кардан душвор аст. Аммо агар онро гарм кунем, ин кор осон мешавад. Сабаб чист?

Муфассал

Молекулаҳо

Гуфти нахустин д.б. он ки моддаҳо аз атомҳо таркиб ёфтаанд (боби 1), ба хирадманди Юнони қадим Демокрит мансуб аст. Ба гуфти ӯ ҳама чизҳои олам ва, аз думла, чаҳор унсур — хок, об, ҳаво, оташ аз атомҳо таркиб ёфтаанд. Агар пораи бӯр, санг ё ягон чизи дигарро рӯйи сандон гузошта, бо зарби путк бишканем ва резаҳои онро шикастан гирем, дар охир зарраҳое ҳосил мекунем, ки онҳоро дигар бо ин тарз шикастан намешавад, яъне ин гуна зарраҳо тақсимнопазир хоҳанд буд. Демокрит маҳз ҳамин зарраҳои “дигар тақсимношуданӣ”-ро атом ном додааст. Вожаи юнонии…

Муфассал

Санҷиши вақт

Агар пурсанд: ”Чист он, ки биноҳои ободро хароб гардонад, кӯҳҳои сардарфалакро ба хок яксон кунад, шоҳони абарқудратро ба қаъри чоҳи таърих афканад?”, бигӯ, ки… Ку бигӯ, чист? Агар пурсанд: “Чист он, ки шу­мо, навомӯзони аҷибтарин илм — физикаро рафта-рафта дунёбин ва оламфаҳм гардонад?”, бигӯ, ки… Чист? Мо медонем, ки ту, хонандаи азиз, медонӣ, ки ин чист ва мегӯӣ: Вақт аст ин, вақт, ки ободҳоро хароб мегардонад ва эҳё мекунад, нотавоноро абарқудрат мегардонад ва вожгун месозад, моро донову тавоно мегардонад, ба шарте, албатта, ки илмҳои табиатшиносиро аз сари сидқ биомӯзем, забону…

Муфассал

Ҳисоби масса (ҷирм) ва ҳаҷм аз руйи зичӣ

Дар сурати маълум будани ҳачми ҷисм ва зичии моддае, ки ҷисм аз он “сохта шудааст”, массаи ҷисмро бе тарозу (барнокашида) ҳам муайян кардан мумкин аст. Мисол, мо метавонем массаи тахтачаеро бо роҳи ҳисобукитоб ёбем, ки он аз чӯби булут ба андозаҳои 25х20х2 (бо см) бурида шудааст. Барои ин аввал ҳачми тахтачаро меёбем:

Муфассал

Санҷиши масоҳат

Сатҳ гуфта рӯяи берунини ҷисмро мефаҳманд. Чунончи, сатҳи об ҳамон рӯйи об мебошад, ки дар сарҳадди об ва ҳавои болои он воқеъ гаштааст; сатҳи дасти шумо рӯрӯйи пӯсти даст аст ва ғ. Сатҳ дарозӣ ва паҳноӣ дорад, аммо жарфӣ (чуқурӣ) надорад, яъне дучена аст. Масоҳат бузургиест, ки дараҷаи фарохии сатҳи ҷисмро ифода мекунад ва ба ҳосили зарби дарозӣ ва паҳноӣ (барои масоҳати росткунҷа) баробар аст:

Муфассал

Масълаҳои №235-243 (Лукашик)

Барои ҳалли ин масъалаҳо аз ҷадвлҳои дар охир овардашуда истифода намоед. 235. Детали пӯлодини мошин массаи 780 г дорад. Ҳаҷми онро ёбед. 236. Зарфе пури бензин аст. Массаи бензин 35 кг мебошад. Ғунҷоиши зарфро ёбед. 237. Массаи зарфи пурбензин 2 кг асту массаи худи зарф 600 г. Ғунҷоиши зарфро муайян кунед.

Муфассал