Гарминақлкунӣ дар табиат ва техника

Ҳарорати қабати поёнии ҳаво ва сатҳи болоии хок барои инкишофи растаниҳо аҳамияти калон дорад. Ҳарорати қабати ҳавои ба сатҳи Замин наздик буда ва қабатҳои болоии хок бефосила тағйир ёфта меистад. Рӯзона хок бештар гармӣ фурӯ бурда гарм мешавад. Мавҷудияти наботот ба гарм ва хунук шудани хок таъсир мерасонад. Чунончи, аз нури Офтоб майдони шудгоршуда назар ба майдони растанидор бештар гарм мешавад. Шабона ин майдон нисбат ба майдони растанидор тезтар хунук мешавад.

Муфассал

Табдили энергияи механики ба энергияи дохилӣ

Шумо мисоли аз як навъ ба навъи дигар табдилёбии энергияи механикиро дар синфи 7-ум омӯхта будед. Боз як мисоли табдилёбии энергияро дида мебароем. Акнун мебинем, ки энергияи механикӣ чӣ тавр ба энергияи дохилӣ табдил меёбад. Дар болои лавҳаи сурбӣ саққои сурбӣ истодааст. Саққоро боло бардошта, баъд онро сар медиҳем (расми 6). Саққои аз сатҳи Замин боло бардошташуда дорои энергияи потенсиалӣ мешавад. Ҳангоми афтиши саққо энергияи потенсиалии он кам мешавад, зеро саққо торафт поён мефарояд.

Муфассал

Энергияи дохилӣ

Аз омӯзиши физикаи синфи 7 Шумо фаҳмидед, ки ду навъи энергияи механикӣ мавҷуд будааст: энергияи кинетикӣ ва потенсиалӣ. Энергияе, ки ҷисм дар натиҷаи ҳаракати худ соҳиб мешавад, энергияи кинетикӣ меноманд. Автомобили ҳаракаткунанда, тири парон, тӯби ғелон, оби равон, шамол дорои энергияи кинетикианд. Энергияеро, ки бо вазъияти байниҳамдигарии ҷисмҳои мутақобил таъсиркунанда ё қисмҳои ҳамон як ҷисм муайян карда мешавад, энергияи потенсиалӣ меноманд. Ҷисми аз сатҳи Замин дар ягон баландӣ воқеъбуда, пружинаи фишурда ё ёзонидашуда дорои энергияи потенсиалианд.

Муфассал

Васеъшавии хаттӣ ва ҳаҷмии ҷисмҳо

Ҳангоми гарм кардани ҷисми сахт фосилаи байни зарраҳои он ба ҳисоби миёна меафзояд, чунки амплитудаи лаппишҳои зарраҳо зиёд мегардад. Ин боиси васеъшавии ҷисм мегардад. Баръакс, ҳангоми хунукшавӣ ҷисм фишурда, яъне андозаҳои он хурд мегарданд. Аз натиҷаҳои таҷрибаҳои сершумор ба хулосае омадан мумкин аст, ки васеъшавии ҷисмҳои сахт ба ҳама тарафҳо якхела мебошад. Бузургии васеъшавии ҳаҷмии ин гуна ҷисмҳоро чун дар моеъҳо мувофиқи формулаи

Муфассал

Ҳаракати ҳароратии молекулаҳо

Чӣ тавре ки аз физикаи синфи 7-ум медонед, моддаҳо аз молекулаҳо иборатанд. Молекулаҳо ба чашми оддӣ нонамоён бошанд, ҳам мавҷудият ва ҳаракати онҳоро бо таҷрибаҳои сершумор тасдиқ кардан мумкин аст. Мавҷудияти воқеии молекулаҳоро далелҳои сершумори таҷрибавӣ тасдиқ менамоянд, чунончи: омехташавии моеъҳо, назар ба суммаи ҳаҷмҳои моеъҳои гуногуни омехташаванда хурд будани ҳаҷми ҳосилшуда, паҳншавии бӯйҳо, бухор гардидани моеъҳо ва ғайраҳо. Исботи бевоситаи ҳаракати молекулаҳо ҳаракати броунӣ, ҳал шудани моддаҳо, ҳодисаи диффузия ва ғайраҳоянд.

Муфассал

Ду методи омухтани ҳодисаҳои ҳароратӣ

Дар табиат ҳодисаҳое рӯй медиҳанд, ки барои шарҳ доданашон қонунҳои механика кифоя нестанд. Масалан, аз гармй васею аз хунукй фишурда шудани ҷисмҳо, бухор гардидани моеъҳо, ба моеъ табдил ёфтани ҷисмҳои сахт ва гайраҳо, ки ҳодисаҳои ҳароратй номида мешаванд (аз арабии-гармӣ). Таърихан ҳодисаҳои ҳароратӣ аз ду нуқтаи назар: термодинамики (аз юнонии гармӣ, тафсон ва қувва) ва молекулӣ-кинетикӣ омӯхта мешаванд.

Муфассал