Фреймҳо

Аз як тараф, Web-сайти хуб бояд, ки маълумоти зиёду муфид дошта бошад. Аз тарафи дигар, хонандаи сайт набояд, ки дар ин ғарами маълумот ғарқ шавад. Яъне дастрас намудани маълумоти зарурӣ бояд, ки осон бошад. Фреймҳо (frames) имкон медиҳанд, ки сохтори барои гузариш қулай ташкил карда шавад. Бо тақсим намудани саҳифа, ки онро фреймсет (frameset) меноманд, ба қисмҳо, ки онҳоро фреймҳо меноманд, дар як экран Шумо метавонед якчанд Web-саҳифаро ҷойгир кунед. Ҳар як фрейм html-файли алоҳида аст ва, умуман гуем, онро дар экрани алоҳида тамошо кардан мумкин аст. Дар як вақт…

Муфассал

Ҷадвалҳо — 2

Ба ин ҷадвал нигаред: Январ Феврал Харочот Даромад Харочот Даромад Сабзи 25 32 22 27 Картошка 38 35 51 16 Дар сатри якум катаки «Январ» ба ду сутун тӯл кашидааст, катаки «Феврал» низ. Барои муттаҳид кардани катакҳои сутунҳои ҷадвал, нависед:1. Дар ҷое, ки катаки тӯлкашида бояд ҷойгир карда шавад:<TH ё <TDвобаста ба он ки катаки сарлавҳа ё маълумот сохтаниед.2. COLSPAN=n>ки дар ин ҷо n — миқдори сутунҳое, ки ба онҳо катак тӯл кашидааст.[3]. Матни катак.4. Қисмҳои боқимондаи ҷадвал. Агар ба n қимати 2 бахшида бошед, дар ин сатр катакҳоро якто камтар муайян кунед. Агар ба n қимати 3 бахшида…

Муфассал

Ҷадвалҳо дар санади HTML

Дар ҷадвал (table) маълумоти бисёру мураккабро батезӣ ва осон овардан мумкин аст. Инчунин, дар бисёр ҳолатҳо ба воситаи ҷадвалҳо сохтори худи Web-саҳифаро муайян мекунанд. Намудҳои гуногуни чадвалҳои мураккабу содда мавҷуданд. Мисолҳоеро, ки дар поён меорем, ҳатман худ санҷида бинед ва фақат баъди бо чашми худ дидани натиҷа (яъне ҷадвали навбатӣ) ба таҳлили давоми дарс гузаред. Ба ин ҷадвал назар кунед: Пиёз 45 Сабзи 63 Картошка 72 Ин ҷадвал аз 2 сутун ва 3 сатр иборат аст. Дар сутуни якум сарлавҳаҳо ва дар сутуни дуюм маълумотҳо навишта шудаанд. Барои сохтани чунин…

Муфассал

Рӯйхатҳо

Дар қисми дилхоҳи танаи html-файл (яъне байни <BODY> ва </BODY>) рӯйхатҳои гуногунро ташкил кардан мумкин аст. Шарҳи баъзе тегҳо:OL: Ordered List, Рӯйхати ба тартиб овардашудаUL: Unordered List, Рӯйхати ба тартиб оварданашудаLI: List Item, Элементи (ҷузъи) рӯйхатDL: Definition List, Рӯйхати мафҳумҳоDT: Definition Term, Мафҳуми муайяншавандаDD: Definition Data (?), Шарҳи мафҳум Барои ташкил кардани рӯйхати нумеронидашуда, нависед:1. Матни сарлавҳаи рӯйхат.2. <OL[3]. TYPE=xки дар ин ҷо x намуди номергузориро муайян карда, яке аз ин қиматҳоро қабул мекунад: A (A-и калони лотинӣ) барои ба элементҳои рӯйхат ҳарфҳои калонро бахшидан, a (a-и хурди лотинӣ) барои ба элементҳои рӯйхат ҳарфҳои хурдро бахшидан, I (I-и калони лотинӣ)…

Муфассал

Робитаҳо

Робитаҳо хусусияти фарқкунандаи WWW (World Wide Web — Тӯри Умумиҷаҳонӣ) мебошанд. Онҳо ба Шумо аз як саҳифа ба саҳифаи дигар гузаштан, нусха бардоштани файлҳо, гӯш кардани мусиқӣ, тамошо намудани филмҳоро имконият медиҳанд. Робита (link) аз 3 қисм иборат аст: таъинот (destination), аломат (label), ҳадаф (target). Қисми таъинот муайян мекунад, ки ҳангоми дар робита тугмачаи «мушро» пахш кардан чӣ бояд рух диҳад. Шумо метавонед робитаҳоеро созед, ки барои ягон расмро нишон додан, овоз ё мусиқиро навохтан, мактубро фиристодан, ягон барномаро ба кор андохтан ва ғайра имконият медиҳанд. Лекин аксарияти робитаҳо барои гузариш ба Web-саҳифаи дигар сохта мешаванд. Робита…

Муфассал

URL чист?

URL (Uniform Resource Locator) тарҷума мешавад «Муайянкунандаи Умумии Манбаъ». Мазмунан URL ин суроғаи web-саҳифа аст. Аз ин суроға броузер маълумот мегирад, ки кадом файл даркор аст, ин файл дар куҷо воқеъ ва бо он чӣ бояд кард. Қисми якуми URL нақша (scheme) номида мешавад. Ин қисм ба броузер бо файле, ки онро нусха бардоштанианд, чӣ кор карданро мефаҳмонад. Нақшае, ки бисёртар истифода мебаред http (HyperText Transfer Protocol) аст, ки он барои коркарди Web-саҳифаҳо офарида шудааст. Нақшаҳои дигари маъмул ин https барои Web-саҳифаҳои махфӣ (secured), ftp (File Transfer Protocol) барои додугирифти файлҳо, mailto барои почтаи электронӣ ва file барои дастрас намудани файли дар…

Муфассал

Истифодаи расмҳо — 2

Барои таъмини фосила дар атрофи расм, нависед: <IMG src=’imagefile.ext‘2. HSPACE=nки дар ин ҷо n — андозаи фосила аз чап ва рости расм дар пикселҳо.3. VSPACE=nки дар ин ҷо n — андозаи фосила аз боло ва поёни расм дар пикселҳо.4. >. Дар баъзе ҳолатҳо зарурияти ҷойгир кардани расм дар сатр байни калимаҳо пайдо шуданаш мумкин аст. Барои илова кардани расм миёни калимаҳо, нависед:1. <IMG src=’imagefile.ext‘ки дар ин ҷо IMG — теги инъикос кардани расм дар саҳифа, SRC — хосияти ин тег, ки кадом расм бояд инъикос шавад аниқ мекунад, imagefile.ext — роҳ, ном ва қисми изофагии номи файле, ки дар он расм нигоҳ дошта мешавад.2. ALIGN=»d«ки…

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои барои Web офаридашуда мисли расмҳое, ки барои чоп дар қоғаз офарида шудаанд, бояд зебо, баландсифат ва мазмундор бошанд. Лекин 5 омили асосӣ мавҷуданд, ки ба онҳо ҳангоми тайёр намудани расм барои Web-саҳифа аҳамият додан зарур аст. Намуди файли расм (format)Вақте ки расмро барои чоп дар қоғаз тайёр мекунанд, дар бораи он ки ин расмро хонанда бо чӣ тамошо мекунад фикр намекунанд. Дар ин ҳолат олот яктост — чашми инсон. Лекин вақте ки расм барои Web тайёр карда мешавад, донистан зарур аст, ки Web-саҳифаро миллион хонандаҳо аз канорҳои гуногуни дунё…

Муфассал

Рангҳо

Дар HTML 4 шонздаҳ ранг (predefined colors) номҳои хоси худро доранд: Дар HTML 4 технологияи RGB истифода мешавад, ки он имконият медиҳад барои ороиши Web-саҳифа то 16777216 ранг ба кор андохта шавад. RGB ин Red (сурх), Green (сабз), Blue (кабуд) аст. Гӯё, ки ҳаргуна ранг дар натиҷаи ба дараҷаҳои гуногун фурӯзон кардани се чароғак: чароғаки сурх, чароғаки сабз ва чароғаки кабуд ҳосил карда мешавад. Рангҳои дигари аз 16 ранги болоӣ фарқкунанда ба воситаи нишон додани коди шонздаҳии онҳо тартиб дода мешаванд. Эзоҳ. Хуб мешуд, ки Шумо аз муаллими математика ё барномасозӣ дар бораи системаҳои ҳисоби асосашон дуӣ,…

Муфассал

Кор бо матн

Ороиши матн дар html-файл аз ороиши матн дар файлҳои намудҳои дигар (doc, pdf, cdr ва ғайра) фарқ дорад. Фаҳмидан зарур аст, ки созандаи сайт онро, ки хонанда чӣ гуна Web-саҳифаи сохтаашро мебинад, пурра идора карда наметавонад. Чунки хонанда метавонад саҳифаро дар IE, Netscape, Mozilla ё броузери дигар, дар муҳити Windows, Linux ё Mac кушояд, ки иҷрои тегҳо дар онҳо гуногун буданаш мумкин аст. Барои муайян кардани андозаи ҳарфҳои саҳифа аз рӯи хомушӣ (default font size) нависед:1. Баъди сатре, ки дар он теги BODY омадааст<BASEFONT SIZE=»n«>ки дар ин ҷо n — адади бутуни байни 1…

Муфассал