Забонҳои алгоритмӣ ва мафҳуми алгоритм

Барномасозӣ аз сабти барнома бевосита дар намуди фармонҳо барои компютер (дар намуди коди мошинӣ, чи тавре ки барномасозон мегӯянд) оғоз ёфта буд. Дертар барои сабуктар гардонидани барномасозӣ забони Ассемблер ихтироъ карда шуд. Ин забон имконият медиҳад, ки коди мошинӣ дар намуди рамзӣ навишта шавад. Масалан, ба барномасоз азёд донистани коди ададии амали ҷамъ лозим набуда, ба ивази ин барномасоз метавонад аз ишораи рамзии ADD истифода барад. Забони Ассемблер аз маҷмӯи фармонҳои компютери конкретӣ вобаста аст. Он барои сохтани барномаҳои хурде, ки суръати баландро талаб мекунанд, бисёр қулай аст. Лекин иҷро…

Муфассал

Тағйирёбанда чист

Тағйирёбанда (variable) — ин мисли зарфе барои нигоҳ доштани маълумот аст. Вақте ки маълумот дар тағйирёбанда сабт шудааст (ба таври дигар, вақте ки ба тағйирёбанда қимат бахшида шудааст), ин маълумотро тағйир додан, дар Web-броузер чоп намудан, тавассути почтаи электронӣ ирсол намудан ва ғайра имконпазир аст. Тағйирёбандаҳо чандир ҳастанд:— маълумотро дар онҳо ҷойгир кардан мумкин аст; — маълумотро аз онҳо гирифтан мумкин аст, ки ин ба қимати худи тағйирёбанда таъсир намерасонад;— маълумоти навро ба онҳо ҷойгир кардан мумкин аст. Ин амалҳоро чанд маротиба, ки зарур бошад, такрор кардан мумкин аст. Аз…

Муфассал

Забони барномасозии PHP ва синтаксиси он

Агар хоҳед, ки асосҳои забони барномасозии PHP-ро омӯзед, ба шумо ин маҷмӯи дарсҳо мадад хоҳанд кард. Мақсади ин дастур омӯзонидани асосҳои барноманависӣ дар забони PHP аст, то ки шумо тавонед:— матнҳои коди дар PHP навишташударо азхуд карда, ба талаботҳои худ мутобиқ намоед;— тарзи амали PHP-ро фаҳмед ва иншои барномаҳои худро оғоз намоед; — асосҳои забони барномасозии PHP ва умуман барномасозиро хуб омӯзед, то ки дар амалия (ҷои кори оянда ё ҳозираи худ, Интернет-лоиҳаҳои худ) бобарор истифода баред. Пас, PHP чист? Аввал бо мафҳуми скрипт шинос мешавем. Скрипт гуфта матни кодеро,…

Муфассал

Тағйирёбандаҳо дар PHP

Ба хонандаи аз алгебра ё ягон забони барномасозӣ малакадошта мафҳуми тағйирёбанда бегона нест. Дар ин дарс бо тағйирёбадаҳо дар PHP шинос мешавем. Тағйирёбандаҳо барои нигоҳ доштани ягон қимат ба монанди матн ё адад ва ё ягон объекти мураккабтар пешбинӣ шудаанд. Тағйирёбанда дар рафти иҷрои скрипт метавонад якчанд маротиба истифода шавад ва қимати худро иваз кунад. Дар PHP тағйирёбанда дар чунин намуд муайян карда мешавад: $номи_тағйирёбанда=қимати_тағйирёбанда; Ба мавҷуд будани рамзи $ дар ибтидои номи тағйирёбанда аҳамият диҳед. Бе ин рамзи доллар скрипт бо тағйирёбанда кор намекунад. Ин хатогиро бисёр навкорон роҳ…

Муфассал

Операторҳо

Дар ҳама забонҳои барномасозӣ операторҳо барои иҷро намудани амалҳои гуногун аз болои тағйирёбандаҳо ва қимати онҳо истифода мешаванд. Мо ду операторро дар амал алакай дидем. Ин оператори пайвасткуни (.) ва оператори бахшидани қимат (=). Дар PHP операторҳо бисёранд. Якчанд гурӯҳҳои онҳоро меорем:— оператори бахшидани қимат— операторҳои арифметикӣ— операторҳои муқоиса— операторҳои сатрӣ — омехтаи операторҳои арифметикӣ ва бахшидани қимат. Оператори бахшидани қимат барои бахшидани ягон қимат ба тағйирёбанда ё бахшидани қимати як тағйирёбанда ба тағйирёбандаи дигар истифода мешавад. Мисол: $my_var = 4;$another_var = $my_var; Дар натиҷаи иҷрои ин ду сатр ҳар…

Муфассал

Эзоҳҳо

Азбаски коди PHP-ро мо ҳамҷоя бо тегҳои HTML истифода бурда истодаем, пас дар бораи сохтани эзоҳ ҳам дар PHP ва ҳам дар HTML гап мезанем. Чӣ дар HTML ва чӣ дар PHP эзоҳҳо аз гузоштани рамзҳои махсус оғоз меёбанд. Ҳама матне, ки байни ин рамзҳо мавқеъ мегирад, вақти иҷрои код иҷро намешавад ва ба рафти иҷроиши скрипт таъсире надорад. Тарзи тартиб додани эзоҳ дар HTML чунин аст: <!— This is an HTML Comment —> Дар HTML вазифаи асосии эзоҳ ин нигох доштани кайдҳо барои web-барномасоз ва дигарон, ки матни ибтидоии…

Муфассал

Пайвасти скриптҳо

Бо дониши начандон калон аз PHP аз он манфиати зиёде ба даст овардан мумкин аст. Барои исботи ин фикр як мисолро таҳлил мекунем. Тасаввур кунед, ки шумо бояд як web-сайти иборат аз 15-20 web-саҳифаро созед. Азбаски ҳангоми офаридани web-сайт одатан ягонагии услубу намуди web-саҳифаҳои он риоя карда мешавад, пас, эҳтимолан, қисми болои (онро header меномем) ва қисми поёнии (онро footer меномем) ҳамаи ин саҳифаҳо намуди ягонаро соҳибанд. Тасаввур мекунем, ки қисми фарқкунандаи ҳар як саҳифа аз дигар саҳифаҳо байни header ва footer ҷой мегиранд. Дар ҳолати дастӣ сохтани ҳамаи ин…

Муфассал

Доду гирифт бо скрипт

Дар сайт матну расмҳои гуногун ва дигар намуди маълумотро нашр кардан мумкин аст. Ба ғайр аз ин, ба ташрифкунандагон имконияти ворид намудани ягон маълумотро тавассути формаҳои (forms) HTML низ додан мумкин аст. Масалан, тавассути сайт ягон пурсиш гузарониданӣ бошед, чунин корҳоро иҷро бояд кард:— саволҳои пурсишномаро дар web-саҳифа нашр кардан;— ба ташрифкунандагон додани имконияти ворид намудани ҷавобҳо ба саволҳои пурсишнома;— дар web-сервер коркард намудани ҷавобҳои қабулшуда. Дар ин дарс мо бо истифодаи имкониятҳои PHP ва HTML як пурсишномаи содда месозем ва тарзи коркарди маълумоти воридшударо меомӯзем. Файли savolho.html бо коди…

Муфассал

Сохтори идоракунандаи if

Скриптҳое, ки мо дар дарсҳои гузашта дидем сохтори пайдарпайро соҳибанд, яъне ҳамаи амалҳои дар онҳо навишта шуда аз аввал то охир пайдарпай иҷро карда мешаванд. Тасвири сохтори идоракунандаи пайдарпай: Оператори if имконият медиҳад, ки вобаста аз иҷро шудан ё иҷро нашудани шарти гузошташуда, барнома ба як қисми код ворид шавад ё нашавад. Яке аз асоситарин вазифаҳои оператори if ин дар асоси маълумоти истифодабаранда дохилнамуда интихоб кардани тарзи рафтори барнома мебошад. Масалан, вобаста аз сана баровардани ин ё он хабар дар экран, вобаста аз ҷавобҳои дохилнамуда муайян кардани баҳо. Сохтори оператори…

Муфассал

Амалҳои мантиқӣ

Амалҳои мантиқии Ҷорҷ Бул имконияти сохтани операторҳои мураккаби мантиқиро медиҳанд. Амали мантиқии NOT чунин муайян шудааст: X NOT X FALSE TRUE TRUE FALSE Амали мантиқии AND чунин муайян шудааст: X Y X AND Y FALSE FALSE FALSE FALSE TRUE FALSE TRUE FALSE FALSE TRUE TRUE TRUE Амали мантиқии OR чунин муайян шудааст: X Y X OR Y FALSE FALSE FALSE FALSE TRUE TRUE TRUE FALSE TRUE TRUE TRUE TRUE Операторҳои PHP, ки ба ин амалҳои мантиқӣ баробарқувваанд: Амали Бул Оператори PHP Мисол NOT ! NOT(x) ин !x AND && (b>0)AND(b<5)…

Муфассал