Konqueror — менеҷери парвандаӣ ва браузер. Барномаи Midnight Commander

Ба дигарон равон намоед

Konqueror — барномаест, ки ҳам вазифаи менеҷери парвандаӣ ва ҳам браузерро иҷро менамояд. Агар дар лавҳаи замимаҳои

KDE2 тугмаи им (хона)-ро пахш кунем, он гоҳ Konqueror ҳамчун & менеҷери парвандаи ва ҳангоми пахши тугмаи м» (кураи Замин) — ҳамчун браузер ба кор оғоз менамояд.

Konqueror ба сифати менеҷери парвандаӣ имконият медиҳад, ки дар системаҳои парвандаии маҳаллӣ (локалӣ) иҷрои парвандаҳо таҳти идораи он ба сомон расонида шаванд. Ҳамчун браузер бошад, вай имконият медиҳад, ки тавассути шабакаи Интернет санадҳои гуногун дастрас ва аз назар гузаронида шаванд.

Konqueror-ро ба воситаи менюи асосии KDE ё сатри амрӣ низ ба кор даровардан мумкин аст. Дар сатри амрӣ дохил кардани калимаи konqueror онро ба реҷаи менеҷери парвандаӣ ва ба ин калима илова кардани суроғаи захираи зарурии URL онро ба реҷаи браузерӣ мегузаронад.

ЭЗОҲ: URL (Univer al Re ource Locator) — суроғаи универсалии захираҳои иттилоотӣ буда, тарзи стандартии муайянкунии макони додаҳоро дар шабакаи саросарии Интернет таъмин менамояд.

Агар намуди равзанаи Konqueror аз тасвири дар ин расм овардашуда фарқ кунад, шумо метавонед онро аз диди худ ба танзим оред. Хатроҳи ҷузвдони ҷорӣ дар майдончаи Суроға (Адрес)-и равзана нишон дода мешавад. Тугмаи j^-.-и лавҳаи афзорҳо имконият медиҳад, ки дар дарахти парвандаӣ ба як сатҳ ба боло (ба ҷузвдони волиди) бароем, тугмаи — бошад, бозгашти вазъи пештараро таъмин менамояд.

Konqueror иҷрои амалҳои нусхагирӣ, ҷой ва номивазкунӣ, сохтан, ҳазф кардан ва тағйир додани ҳуқуқҳои дастрасӣ ба парвандаву ҷузвдонҳоро хеле осон ташкил менамояд. Вай барои пешдиди мазмуни парвандаҳо тибқи қисми иловагии номашон барномаҳои берунаро ҷалб менамояд. Агар якбора якчанд барнома ҷавобгӯйи ин амал бошанд, он гоҳ корбар аз номгӯйи дар банди Саҳифа (Страница)-и меню ташаккулёфта яке аз барномаҳоро интихоб мекунад.

Барномаи Konqueror дар равзанаи худ барои ҳаводорони сатри амрӣ ва равзанаи  hell имконияти бо эмулятори терминал кор карданро илова намудааст. Барои эмуляторро ба кор омода сохтан дар банди Равзана (Окно)-и меню зербанди «Эмулятори терминал нишон дода шавад» (Показать эмулятор терминала)- ро фаъол гардонидан лозим аст.

Midnight Commander. Равзанаи барномаи Midnight Commander — МС (миднайт коммандер) ҳам аз рӯйи шакл ва ҳам аз рӯйи тарзи иҷрои вазифаҳо ба менеҷерҳои парвандаии

Norton Commander ва Volkov Commander, ки дар байни корбарони СА MS DOS ва MS Windows  машҳуранд, хеле монанд аст. Дар равзанаи  hell вай бо ёрии фармони mc ба кор дароварда мешавад. Вазифаи асосии ин барнома ҳамчун менеҷери парвандаӣ аз тафсири фармонҳо ва идоракунии парвандаҳо иборат аст.

Сатри аз ҳама болоии равзанаи МС сатри менюи барнома аст. Дар баъзе мавридҳо вай метавонад намудор набошад, вале бо пахши тугмаи F9 ё тугмаи чапи муш зуд пайдо мешавад.

Қисми асосии равзана ба ду лавҳа ҷудо карда шудааст, ки онҳо доир ба парвандаву ҷузвдонҳои система маълумот медиҳанд. Дар поёни лавҳаҳо сатри амрӣ ҷойгир шудааст. MC фармонҳои воридшударо барои иҷро ба  hell мефиристад. Сатри аз ҳама поёнии равзана вазифаи тугмаҳои функсионалии сафҳакалидро такрор мекунад.

Барномаи MC имконият медиҳад, ки тавассути лавҳаҳояш якбора мундариҷаи ду ҷузвдон дар экран инъикос карда шавад. Вале ҳангоми кор танҳо яке аз лавҳаҳо фаъол аст. Дар лавҳаи фаъол ранги яке аз сатрҳояш аз дигар сатрҳо фарқ мекунад. Амалан тамоми фармонҳо бо лавҳаи фаъол гузаронида

мешаванд. Танҳо баъзе амалҳои парвандаӣ, аз қабили Rename (номивазкунӣ), Copy (нусхабардорӣ) ва ғайра аз ҷузвдонҳои лавҳаи ғайрифаъол истифода мебаранд.

Амали интихоби парванда бо ёрии тугмаи чапи муш, нишонагузорӣ — бо ёрии тугмаи рости муш иҷро карда мешавад. Пахши такрории тугма нишонаро бекор мекунад. Пахши дукаратаи тугмаи чапи муш амали иҷрои парванда аст. Агар қисми иловагии номи парванда бо ягон замима алоқаманд бошад, он гоҳ аввал ҳамон замима ба кор медарояд. Барои ба саҳифаи пешинаи номгӯйи парвандаҳо гузаштан ба сарҳади болоии лавҳа пахш кардан зарур аст, барои гузаштан ба саҳифаи навбатӣ бошад, — ба сарҳади поёнӣ.

Иҷрои баъзе фармонҳои МС пахши якҷояи тугмаҳои умумиро бо тугмаҳои махсуси Ctrl ё Alt талаб менамоянд.

Масалан, Ctrl-a маънои пахши якҷояи тугмаҳои Ctrl ва |а]-ро дорад. Комбинатсияи тугмаҳо мувофиқан дар назди номи фармонҳои менюи МС оварда мешаванд. Дар ҷадвали поёнӣ комбинатсияи баъзе тугмаҳои сафҳакалид оварда шудааст.

ФармонВазифаи фармон
Ctrl-lХоликунии (тозакунии) экрани МС
Ctrl-x cТағйирдиҳии ҳуқуқҳои дастрасӣ ба парванда (ҷузвдон) ё гурӯҳи парвандаҳои (ҷузвдонҳои) нишонадор
Ctrl-x iТабдилдиҳии лавҳаи ғайрифаъол ба фаъол
Ctrl-x !Иҷрои фармони беруна
Alt-?Ҷустуҷӯи парванда
Alt-cГузариш ба ҷузвдони дигар
Ctrl-oБо роҳи ноаёнгардонии лавҳаҳо намудор сохтани натиҷаи кори барномаи оҳирин. Пахши такрори ин тугмаҳо — инъикоси равзанаи МС

Ҳангоми корбарӣ бо парвандаҳо одатан аз се намуди равзанаҳои робитавӣ истифода мебаранд:

  равзанаи error дар бораи хатоҳои содиршуда маълумот медиҳад. Вай се калид (опсия) дорад. Калиди  kip барои беэътибор донистан, калиди Abort барои бекор кардан ва

калиди Retry барои такроран иҷро намудани амал хизмат мерасонанд;

  равзанаи replace ҳангоми ба ҷойи парвандаи мавҷуда овардани парвандаи дигар пайдо мешавад. Дар равзана таърихи сохтан ва андозаи ҳар ду парванда инъикос меёбад. Ҳангоми пахши тугмаи амрии Ye  амали сабт иҷро мегардад ва тугмаи No — беэътибор дониста мешавад. Пахши тугмаи alL — азнавсабткунии ҳамаи парвандаҳо, тугмаи nonE — бекоркунии амали азнавсабткунӣ ва тугмаи Update — азнавсабткунии парвандаеро таъмин менамояд, ки вай аз рӯйи вақт нисбат ба парвандаи фаношаванда баъдтар рӯйи кор омадааст. Дар ҳолати акс амали сабткунӣ иҷро намегардад. Ин амал бо ёрии тугмаи Abort пурра қатъ гардонида мешавад;

  равзанаи recur ive delete ҳангоми кӯшиши ҳазф намудани ҷузвдони ғайрихолӣ пайдо мешавад. Пахши тугмаи Ye  — иҷрои амали ҳазф, No — беэътибор гардонидани он ва гузаштан ба ҷузвдони навбатиро таъмин менамояд. Тугмаи alL — ҳазфи ҳамаи ҷузвдонҳои бақайдгирифташуда ва nonE — беэътиборгардонии ҳамаи ҷузвдонҳои ғайрихолиро таъмин менамояд. Abort — пурра қатъ гардидани амали ҳазф. Ҳангоми пахши тугмаҳои Ye  ё alL ҳатман дар экран дархости тасдиқии иловагӣ пайдо мешавад. Дар мавриди ба ҳазфи парвандаву ҷузвдонҳо комилан боварӣ доштан калимаи «ye »-ро дохил кардан лозим аст.

Саволҳо:

  1. Konqueror чӣ гуна барнома аст?
  2. Менеҷери парвандаӣ аз браузер чӣ тафовут дорад?
  3. Тарзи кор дар системаи парвандаии маҳаллӣ аз шабакаи Интернет чӣ фарқдорад?
  4. Кадом амалиётро бо ёрии Konqueror иҷро кардан мумкин аст?
  5. Вазифаи асосии барномаи Midnight Commander аз чӣ иборат аст?
  6. Ба фикри шумо иҷрои амалиёт дар Konqueror беҳтар аст ё дар Midnight Commander?

Супориш:

  1. Тавассути компютер тарзҳои истифодаи Konqueror-ро ҳамчун менеҷери парвандаӣ ва ҳамчун браузер нишон диҳед.
  2. Konqueror-ро ба воситаи менюи асосии KDE ва сатри амрӣ ба кор дароред ва фаҳмонед, ки кадом усул беҳтар аст.

Барномаи Midnight Commander-ро ба кор дароред ва фаҳмонед, ки шакли равзана ва тарзи истифодаи он аз равзанаи дигар барномаҳо чӣ фарқ дорад.

Маводҳои ҳамсон